Бо қарори Шӯрои коршиносони Иттиҳодияи нависандагони Ӯзбекистон шаш нафар эҷодкори тоҷики муқими ин кишвар ба узвияти он қабул карда шудаанд. Зимни баргузории як маҳфили хос муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Нодир Ҷонузоқ гувоҳномаҳои ин эҷодкоронро дар фазои мутантан ба онҳо супурдааст.
Гуфта мешавад, ки ин адибон чанде муқаддам ба узвияти ин Иттиҳодия пазируфта шуда будаанд, вале гувоҳнома ба дасти онҳо нарасидааст. Маҳз дар “Рӯзи дӯстии халқҳо”, ки ҳар сол 30 июл дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҷлил хоҳад шуд, ин гувоҳномаҳо ба онҳо таслим гардидааст.
Нависандагон Юнуси Имомназар ва Зоҳир Ҳасанзода, шоирон Расулбеки Аҳмадзод, Пайғом (Тӯхтамиш Боқиев) ва Хусрави Саъдулло, адибаи ҷавон Маликаи Бахтиёр аз шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, инчунин вилоятҳои Фарғона ва Сирдарё ба гирифтани ин гувоҳнома ноил шудаанд.
Шоири Сӯхзамин Расулбеки Аҳмадзод мегӯяд, ки ба узвияти ин Иттиҳодия пазируфтани шудани вай боиси ифтихори вай ва пайвандону дӯстонаш мебошад. Ба гуфтаи ӯ ҳанӯз ба навиштани шеър аз солҳои мактабхонӣ шурӯъ намудааст. Баъд зимни таҳсил дар риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо кумаки устодону шоирон шинохта маҳорату малакаашро такмил бахшидааст.
-Боре ба ҳузури раиси бахши вилоятии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Фарғона, узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Энахон Сиддиқова омадам. Вай маро хеле хуб пазироӣ намуд. Бо худ аз маҷмӯаҳои ба нашр расидаам чанд нусхаро ба вай тақдим намудам,-изҳор кард Расулбеки Аҳмадзод.
Вай афзуд, ки баъди ҳамин мулоқот чанд маротиба ба анҷуманҳои гуногуни сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ даъват шуд ва он ҷо намунаҳо аз шеъру ғазалҳои худро қироат намуд.
Расулбеки Аҳмадзод дар пайи ин гуфтаҳояш боз тазаккур дод, ки бо тавсияи раиси бахши Иттиҳодии нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Фарғона Энахон Сиддиқова ба узвияти ин Иттиҳодия пазируфта шуд.
Ногуфта намонад, ки як идда шоирону нависандагони тоҷиктабори Ӯзбекистон низ ба аъзогии ин Иттиҳодияи нависандагон қабул шудаанд. Шоирон Паймон, Абдулло Субҳон, Муҳаммадҷон Шодӣ, Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ва чанде дигарон аз ҳамин шумор мебошанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори Фараж, шаҳри Тошканд