Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон эълон кард, ки боз як гуруҳ намояндагони воситаҳои ахбори омма сабти ном карда шуданд. Гуфта мешавад, 81 нафарро журналистони расонаҳои маҳаллӣ ва 98 нафарро журналистони расонаҳои хориҷӣ ташкил мекунанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон журналистони сабтиномшудаи хориҷӣ аз намояндагони хабаргузориҳо, нашрияҳои чопиву интернетӣ, радиову телевизиони чанд кишвари дунё, мисли ИМА, Эрон, Тоҷикистон, Утриш, Миср, Куриёи Ҷанубӣ, Русия, Арабистони Саъудӣ, Афғонистон, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Туркия, Ҷопон, Исроил, Қувайт ва амсоли он иборатанд.

Зайниддин Низомхӯҷаев

– Ба ин тартиб, теъдоди умумии журналистоне, ки интихоботи қарибулвуқӯъи президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро инъикос хоҳанд кард,  дар айни ҳол ба 1 ҳазору 480 нафар расид, – мегӯяд раиси Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зайниддин Низомхӯҷаев.

Вай боз изҳор дошт, ки дар маҷлиси навбатии КМИ масъалаи сабти номи 65 нафар нозирро баррасӣ кард.

– Онҳо аз Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА,  Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Конфронси байналмилалии Гаага, инчунин кишварҳои Белгия, Юнон, Фаронса, Италия, Нидерланд, Озарбойҷон, Русия, Арманистон, Тоҷикистон ва Украина намояндагӣ хоҳанд кард, – гуфт Зайниддин Низомхӯҷаев.

Ба гуфтаи раис Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон оид ба инъикоси раванди омодагириҳо ба интихоботи президентӣ дар миёни журналистон озмуни наворҳои хурди видеоӣ эълон кардааст. Ин озмун то 8 октябр идома хоҳад кард.

Гуфта мешавад, хоҳишмандон метавонанд роҷеъ ба омодагириҳои ҳавзаҳои интихоботӣ, ширкати ҷавонон дар маъракаи овоздиҳӣ, муҳим будани интихобот дар тақдири мардуми кишвар ва амсоли он наворҳои видеоии худро ба ҳайати доварони озмун пешниҳод кунанд.

Ёдовар мешавем, ки 24 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Дар интихобот панҷ ҳизби сиёсӣ барои ишғоли курсии президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон номзадҳои худро пешбарӣ кардаанд.

Президенти вақти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Ҳизби либерал-демократ, Алишер Қодиров аз Ҳизби “Эҳёи миллӣ”, Баҳром Абдуҳалимов аз Ҳизби сотсиал демократи “Адолат”, Мақсуда Ворисова аз Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Нарзулло Обломуродов аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон номзад пешбарӣ шудаанд.

Ҳамаи номзадҳо дар айни ҳол ба тарғибу ташвиқ машғуланд. Онҳо дар вилояту шаҳрҳои гуногун бо интихобкунандагон вохӯрда,  онҳоро бо  барномаҳои пешазинтихоботии худ ошно месозанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь