Президент Шавкат Мирзиёев роҳи оҳани “Мазори Шариф-Кобул-Пешовар”-ро, ки дар сохтмони он Ӯзбекистон, Афғонистон ва Покистон ширкат мекунанд, “Лоиҳаи аср” унвон кардааст.  Дар ин бора сухангӯи дастгоҳи раёсатиҷумҳури Ӯзбекистон Шерзод Асадов рӯзи душанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Шерзод Асадов тайи баргузории як брифинг афзуд, ки  президенти кишвараш бо нахуствазири Покистон Имрон Хон мулоқоти онлайнӣ баргузор кард.

– Ин мулоқот хеле самимӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар он дорои аҳамияти муҳим касб намудани сохтмони роҳи оҳани “Мазори Шариф-Кобул-Пешовар” низ дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифт. Чунки барпо шудани ин роҳ дар барқарории сулҳу субот ва амният дар Афғонистон ва болоравии иқтисодиёти он хеле мусоидат хоҳад кард, – гуфт Шерзод Асадов.

Вай афзуд, ки сохтмони ин роҳ мақоми стратегӣ касб намудааст ва баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он Осиёи Марказӣ бо Покистон васл мешавад. Он гоҳ Ӯзбекистон ва соири кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ барои баромадан ба бандарҳои Қарочї, Гвадар ва Қосим имкон пайдо мекунанд.

Ба таъкиди Шерзод Асадов президенти Ӯзбекистон дар ин рӯзҳо бо роҳбарони чанд созмони бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла раиси феълии САҲА, вазири хориҷаи Шветсия Анн Линде низ дидору гуфтугӯ  анҷом дод.

– Анн Линде дигаргуниҳои Ӯзбекистонро дар чаҳор соли охир дигаргуниҳои инқилобӣ арзёбӣ кард ва афзуд, ки талошу ташаббусҳои Шавкат Мирзиёев ҷиҳати ҳамоиши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба роҳ мондани ҳамсодории нек қобили дастгирӣ мебошад, – изҳор кард Шерзод Асадов.

Сухангӯи президенти Ӯзбекистон гуфт, гузашта аз ин, Шавкат Мирзиёев миссияҳои Бюрои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА, ҳамчунин Иттиҳодияи парлумониро барои ширкат дар интихоботи президентии кишвар даъват намуд. Шарзод Асадов тазаккур дод, ки Шавкат Миромонович иштироки онҳо ва арзёбии холисонаашонро барои Ӯзбекистон хеле зарур хонд.

Маълум шуд, ки Анн Линде ислоҳоти пиёданамудаи Ӯзбекистонро низ фоли нек арзёбӣ карда, илова кардааст, ки Шветсия низ омода аст бо Ӯзбекистон равобиташро дар соҳаҳои гуногун мустаҳкам кунад.

– Шавкат Мирзиёев қаблан барои амалӣ кардани ин ҳамкориҳо тасмими худро дар бораи ифтитоҳи намояндагии дипломатики Ӯзбекистон дар Шветсия эълом дошта буд, – ёдовар шуд Шерзод Асадов.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь