Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон 23-юми апрел Шавкат Мирзиёев сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомиро ба ҳузур пазируфт. Гуфта мешавад, ки Содиқ Имомӣ ба ҳайси сафири ин кишвари ҳамҷавор вазифаашро дар Тошканд ба анҷом расондааст.

Шавкат Мирзиёев таъкид кардааст, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба туфайли иродаи сиёсӣ ва азми қавии раҳбарони ду кишвари бародар имрӯз ба сатҳи баланд расидаанд.

Гуфта мешавад, ки дар айни ҳол ҳамкории дуҷонибаи миёни ин ду кишвар тамоми соҳаҳоро фаро гирифтааст ва он босуръат ривоҷ ёфта, аз нигоҳи мундариҷа низ ғанӣ мегардад.

Интизор меравад, ки Шавкат Мирзиёев дар моҳҳои наздик ба Тоҷикистон меравад.  Барои ҳамин вай дар ҷараёни қабул зикр намудааст, ки ҳоло ҳукуматҳои ду кишвар  барои таҳияи як барномаи нави ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи дарозмуддат талош ба харҷ медиҳанд.

Дафтари матбуоти раёсатиҷумҳури Ӯзбекистон мегӯяд, ки Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни ин қабул барои саҳми бузургаш дар сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун  сафир Содиқ Имомиро бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонд.

Дипломати тоҷик аз президенти Ӯзбекистон барои баҳои баланди ӯ ба кораш дар ин кишвар ва дастгирии ҳамаҷониба изҳори сипос кардааст. Ба таъкиди Содиқ Имомӣ минбаъд низ саъй хоҳад кард, ки Ӯзбекистону Тоҷикистон бечунучаро ба ҳадафҳои наҷиби худ бирасанд ва муносибатҳои дӯстонаи байни ин ду кишвар  беш аз пеш ривоҷу равнақ ёбад.

Қобил ба ёдоварист, ки Содиқ Имомӣ тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон аз 18 майи соли 2016 сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин шудааст ва ҳоло ваколаташ ба ҳайси сафир ба охир расидааст. Вай ҳамтои худ Музаффар Ҳусейновро дар ин мақом иваз карда буд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь