Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар пайи пиёда намудани ислоҳоти васеъмиқёс  татбиқи лоиҳаи озмоишиеро оид ба суғуртаи тиббӣ шурӯъ намудааст. Ин матлаб зимни баргузории як брифинг дар шаҳри Гулистон, маркази маъмурии вилояти Сирдарё, ба хабарнигорон ироа гардид.  

Бар ин асос бори нахуст дар Ӯзбекистон Фонди суғуртаи давлатии тиббӣ таъсис дода шуд. Дар брифинг таваҷҷӯҳи хабарнигорон ба он нукта ҷалб карда шуд, ки маҳз аз тариқи расонаҳо ва нашрияву  сомонаҳои интернетӣ мардуми Ӯзбекистонро аз чунин навгонӣ хабардор кунанд.

– Ҳадафи асосӣ аз ҷорӣ намудани суғуртаи тиббӣ баланд бардоштани сифат, самаранокӣ ва дастрасии кумакҳои тиббӣ ба аҳолӣ мебошад. Татбиқи лоиҳаи озмоишӣ барои сокинони вилояти Сирдарё имкон медиҳад, ки онҳо ба таври кафолатнок аз хизмати тиббии ройгон истифода кунанд,-гуфт директори Фонди суғуртаи давлатии тиббии Ӯзбекистон Фаррух Шарифов.

Вай афзуд, ҷорӣ намудани давраи озмоишии суғуртаи тиббӣ дар муассисаҳои тиббии ин вилоят мусоидат хоҳад кард, ки ташхис ва табобати 87 намуди беморӣ ба таври ройгон анҷом пазиранд.

Маълум шуд, ки расонидани ҳар гуна кумакҳои таъҷилии тиббӣ мисли пештара ба таври ройгон боқӣ хоҳад монд. Аммо хизматҳои дигари тиббӣ, ки ба бастаи давлатии суғуртаи тиббӣ дохил карда нашудаанд, чи дар беморхонаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ва чи дар беморхонаҳои вилоятӣ бар асоси пулакӣ пешниҳод карда мешаванд.

– Барои татбиқи лоиҳаи озмоишӣ  мо вилояти Сирдарёро интихоб кардем. Дар ин ҷо корҳои омодагириро вусъат бахшидаем. Ҳанӯз 1 декабри соли 2020 мо марҳалаи омодагириҳо барои татбиқи лоиҳаи озмоиширо шурӯъ карда будем. Татбиқи марҳалаи аввали ин лоиҳа дар се минтақаи вилояти Сирдарё сурат мегирад,-гуфт ноиби вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Азизов.

Ба таъкиди ӯ истифодаи суғуртаи тиббӣ кафолат медиҳад, ки минбаъд ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон  барои ҳифзи саломатии худ аз хизмати гарантноки тиббӣ ба таври ройгон истифода кунад.

Ҷиҳати татбиқи лоиҳаи озмоишӣ дар вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ таваҷҷӯҳи хос зоҳир кардааст.

Тавре раҳбари намояндагии ин ниҳод дар Тошканд Лианн Куппенс аз тариқи мулоқоти онлайнӣ изҳор кард, бечуну чаро муваффақона амалӣ шудани лоиҳаи озмоишии ҷорӣ намудани суғуртаи тиббӣ дар ин вилоят барои татбиқи ислоҳоти тандурустӣ дар Ӯзбекистон, ҳамчунин дар соири кишварҳои минтақа ҳамчун омили муҳим хизмат хоҳад кард.

Интизор меравад, ки ҷорӣ кардани суғуртаи тиббӣ дар саросари Ӯзбекистон марҳала бар марҳала анҷом хоҳад ёфт.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Гулистон,

вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь