Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи “Инъикоси интихоботи Президентии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тарафи намояндагони воситаҳои ахбори хориҷӣ” суҳбати мизи гирд доир гардид.

Дар ин суҳбати мизи гирд намояндагони ин вазорат, Комиссияи марказии интихобот, инчунин журналистоне ширкат карданд, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сабти ном шудаанд.

Вакили расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юсуф Қобулҷонов дар суҳбати мизи гирд қайд намуд, ки кишвараш дар арафаи як рӯйдоди хеле муҳими сиёсӣ – интихоботи президентӣ қарор дорад. Роҳандозии он барои 24 октябри соли равон барномарезӣ шудааст.

Ба таъкиди Қобул Юсуфҷонов интихоботи қарибулвуқӯъ бар асоси Кодекси нави интихобот баргузор мегардад ва мувофиқи он тайёрӣ ба он танзим мешавад, барои шаҳрвандон кафолат медиҳад, ки озодии иродаи онҳо таъмин гардад.

-Барои тамомии номзадҳо ба мақоми президентӣ шароити баробар фароҳам оварда мешавад, то ки аз муҳити солими рақобат аҳзоби сиёсии кишвар барои номзадҳои пешбарикардаашон истифода карда тавонанд,-гуфт вакили расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юсуф Қобулҷонов.

Дар суҳбати мизи гирд гуфта шуд, ки ташкил намудани интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистони нав давоми мантиқии ислоҳоти демократики доманфарохе мебошад, ки дар панҷ соли охир пиёда мегардад ва бар асоси Стратегияи амалҳо барои панҷ самти афзалиятноки рушди ин кишвар муайян шудаанд.

Ба гуфтаи вакили расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юсуф Қобулҷонов вазорат дар ҷараёни рафти тайёрӣ ба интихоботи Президентӣ фаъолона ширкат мекунад.

Мудири шӯъбаи байналмилалии Комиссияи марказии интихобот Бобурмирзо Исмоилов гуфт, ки 54 қитъаи интихоботии статсионарӣ дар 37 кишвари дунё таъсис ёфтааст, ки он ҷо намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон фаъолият мекунанд. Инчунин 321 ҳавзаи интихоботии сайёр низ дар 12 кишвари хориҷӣ барои овоздиҳии пешакӣ ташкил карда шудаанд.

-Барои тартибу таҳияи феҳрасти электронии интихобкунандагон дар хориҷа вебсайти махсуси saylov.mfa.uz  ифтитоҳ шудааст. Намояндагиҳои дипломатӣ тавассути он бо марказҳои миллӣ-фарҳангии ӯзбекони ҳамон кишварҳо, инчунин ташкилоту ширкатҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон машғули фаъолияту кор ҳастанд,  робита карда метавонанд,-изҳор гардид дар ин суҳбат.

Тавре ки дар он боз қайд гардид, ҷараёни омодагирӣ ва баргузории интихоботи президентӣ ва рафти овоздиҳиро ҳазорҳо нафар намояндагони аҳзоби сиёсӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрвандон ва садҳо вакилони байналмилалӣ назорат хоҳанд кард.

Маълум шуд, ки Комиссияи марказии интихобот, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон 50 нафар хабарнигорони хориҷиро дар айни ҳол барои инъикоси раванди интихоботи президентӣ сабти ном кардаанд.

Дар тавзеҳи пешниҳоди хабарнигори “Фараж” дар робита ба он ки оё иштироки хабарнигорони хориҷӣ зимни ҳузури Президент Шавкат Мирзиёкв дар аснои овоздиҳӣ таъмин карда мешавад ё на, гуфта шуд, ки ин масъаларо ба дафтари матбуоти Дастгоҳи Президент мерасонанд ва дар ҳаллу фасли он ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Инчунин барои фароҳам овардани шароити мулоқот бо номзадҳое, ки ба мақоми президентӣ аҳзоби сиёсӣ пешниҳод кардаанд,низ иқдомот сурат хоҳад гирифт.

Дар поёни суҳбати мизи гирд ба хабарнигорони хориҷӣ, аз ҷумла хабарнигори “Фараж”, корти сабтином супурда шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь