Хабари ба 11 соли зиндон маҳкум хоҳад шудани блогнавис Отабек Сатторӣ сару садоҳои мухталиферо дар Ӯзбекистон ба бор овард. Гуфта мешавад, ки додситон аз вакили додрасонӣ хостааст, ки ин блогнависро ба 11 соли ҳабс маҳкум кунад.

Аммо вакили мудофеъи Отабек Сатторӣ мегӯяд, ки ҳеч яке аз далелҳои ба айбдоршаванда нисбат додашудаи додситонӣ тасдиқи худро наёфтанд.

Ёдовар мешавем, кн парвандаи блогнавис Отабек Сатториро Суди ҷиноии ноҳияи Музработи вилояти Сурхондарё, воқеъ дар ҷануби Ӯзбекистон, баррасӣ мекунад.

4 майи соли равон мурофиаи ниҳоии парвандаи ин блогнавис баргузор шуд. Додситон ин блогнависро якбора аз рӯи ҳафт банди моддаҳои Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон айбдор эълон кард ва аз вакили додрасонӣ хост, ки Отабек Сатторӣ ба 11 соли ҳабс маҳкум шавад.

Ин дар ҳолест, ки вакили мудофеъи блогнавис ин абгузориҳоро беасос мехонад ва меафзояд, ки гумонбари таҳти ҳимояти ӯ чунин ҷиноятҳоро содир накардааст ва айбномаҳои ба ӯ нисбат додашуда низ асоси воқеъӣ надоранд.

Дар айни ҳол Отабек Сатторӣ барои ба даст овардани ду хона аз роҳи тамаъ ва фишор, паҳн кардани навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо таҳқир ва тӯҳмати корманди идораи ақди никоҳ, тамаъҷӯӣ аз корманди раёсати минтақавии газ, аз роҳи тамаъ ба даст овардани телефони мобил, паҳн кардани навори видеоии тӯҳматангез ба сардори маркази онкологии Тирмиз гумонбар мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Отабек Сатторӣ 29 январи соли равон аз ҷониби ходимони умури интизомии шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарё боздошт шудааст. Он вақт вайро дар тамаъҷӯӣ муттаҳам кардаанд. Баъд вайро дар содир намудани боз якчанд ҷинояти марбут ба тамаъҷӯӣ ва фишор болои сардорони идораҳои гуногуни давлатӣ гумонбар шудаанд.

Дар парвандаи ҷиноие, ки алайҳи вай боз шудааст, зикр гардида, ки аз моҳи июни соли гузашта то моҳи январи соли равон Отабек Сатторӣ ба ҷиноятҳои марбут ба тамаъҷӯӣ, тӯҳмат ва таҳқири бархе аз ашхос даст задааст ва ҳадаф аз ҳамаи ин ба даст овардани манфиати моддӣ мебошад.

Ногуфта намонад, ки ба ин ҳодиса яке аз намояндагони парлумони Ӯзбекистон Расул Кушербоев, сафири Бритониё дар Тошканд, роҳбари Шӯрои сарпарастони Фонди иҷтимоии дастгирӣ ва рушди васоити ахбори оммаи миллии Ӯзбекистон Комил Алламҷонов, Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорони ИМА ва амсоли он вокунишҳои гуногун нишон додаанд.

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳушдор додааст, ки вокунишҳои баъзе аз ин ашхос метавонад ба раванди тафтишоти парвандаи ҷиноӣ халал ворид намояд.

Дар ҳамин ҳол Додситонии кулли Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегӯяд, ки ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи блогнавис Отабек Сатторӣ дар доираи қонунгузориҳои ин кишвар сурат гирифтааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки додрасони Суди ҷиноии ноҳияи Музработи вилояти Сурхондарё дар муқобили блогнавис Отабек Сатторӣ чи ҳукмеро содир хоҳад кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь