Дар Ӯзбекистон чор нафар барои соҳиб шудан ба курсии президентӣ  дар интихобоии пеш аз муҳлат, ки тобистони имсол баргузор хоҳад шуд, ширкат мекунанд.

Ҳизби Миллий тикланиш якҷо бо Ҳизби либерелӣ-демократӣ аз номзадии Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентӣ пуштибонӣ хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи 13-уми май дар пленуми ғайринавбатии Шӯрои марказии Ҳизби демократии Миллий тикланиш маълум шуд.

Ширкаткунандагон пленум ба хулосае омаданд, ки «номзади президент Шавкат Мирзиёевро, ки содиқ будани худро ба халқу Ватан собит кардааст, дастгирӣ кардан лозим аст».

Дар пленум дар бораи дастгирии номзад Шавкат Миромонович Мирзиёев дар интихоботи қарибулвуқуи президентӣ қарори дахлдор қабул карда шуд. Президенти феълӣ Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Ҳизби либералӣ-демократӣ номзад хоҳад шуд.

Қаблан хабар дода шуд, ки 11-уми май пленуми ғайринавбатии Шӯрои марказии Ҳизби экологии Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар пленум тасмим гирифта шуд, ки раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои марказии ҳизб Абдушукур Ҳамзаев дар анҷумани дарпешистодаи Ҳизби экологӣ номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ карда шавад.

Улуғбек Иноятов номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон мешавад.

Дар ҷараёни як пленуми дигар тасмим гирифта шуд, ки Робахон Маҳмудова дар анҷумани дарпешистодаи Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ба мақоми президентӣ пешбарӣ карда шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь