Дар интихоботи депутатҳои Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва  вакилони шӯроҳои маҳаллӣ, ки 22-юми декабри соли равон баргузор гардид, панҷ ҳизби сиёсӣ ширкат карданд.

Аз рӯи ҳисоби шумори овозҳои раъйдиҳандагон  натиҷаҳо барои интихоботи парлумонӣ чунинанд: Ҳизби либерал-демократи Ӯзбекистон  соҳиби 43 мандат, Ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ” соҳиби 35 мандат, Ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” соҳиби 21 мандат, Ҳизби халқӣ-демократӣ соҳиби 18 мандат ва Ҳизби экологӣ соҳиби 11 мандат шуд.

Дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Мирзоулуғбек Абдусаломов рӯзи душанбе дар баробари хабарнигорон ва ҷамъи нозирони дохиливу хориҷӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи раиси КМИ Ӯзбекистон интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ мувофиқи Кодекси нави интихобот баргузор гардиданд.  Ин интихоботро беш аз 800 нафар нозири байналмилалӣ ва 140 ҳазор нозири дохилӣ назорат карданд.  Мирзоулуғбек Абдусаломов гуфт, ки ҷараёни овоздиҳӣ бидуни қонуншиканиҳои ҷиддӣ анҷом пазируфт, ки он ба натиҷаҳои интихобот ягон таъсир нахоҳанд гузошт. Дар 39 ҳавзаи интихоботӣ овоздиҳии такрорӣ гузаронида хоҳанд шуд.

Нозирони Ассамблеяи парлумонии САҲА ва Бюрои демократӣ ва ҳуқуқи башари ин созмон эълон карданд, ки пешрафтҳои муҳим дар интихоботи парлумонии Ӯзбекистон рақобати ҳақиқиро ҷуброн карда натавонист.

Депутатҳои навинтихобшудаи парлумони Ӯзбекистон ду моҳ баъд фаъолияти худро оғоз хоҳанд кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь