Баъди вуқуи ҳодисаи 3-уми1 май ва ба вуҷуд омадани даргириҳои миёни сокинони деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва сокинони деҳаи Чечмаи ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканди Қирғизистон нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов ба ноҳияи Сӯх рафт.

Абдулло Арипов зимни дидору мулоқот бо намояндагони Қирғизистон сабаб ва оқибатҳои даргирӣ, масъалаҳои марбут ба ин аниқ ва аломатгузорӣ кардани минтақаҳои боқимондаи марзи миёни ду кишварро баррасӣ кард.

Баъд бо мардуми ноҳияи Сӯх, ки гуфта мешавад, ҳудуди панҷ ҳазор нафарро ташкил мекарданд, дар деҳаи мавриди даргирии сокинони ду ҷониби марз-Чашма мулоқот намуд. Дар ин мулоқот вай ба мардуми Сӯх гуфт, ки бо ҳидояти Президент Шавкат Мирзиёев ба назди онҳо омадааст.

– Вориди даргириҳо шудан бо мардуми ҳамсоякишварҳо хоси мардуми мо нест ва мо ҳамеша сабру таҳаммулро бояд пешаи худ қарор диҳем. Ҳар гуна масъалае, ки дар миён пайдо шудааст, аз роҳи гуфтфшунид ҳаллу фасл хоҳем кард, – гуфт Абдулло Арипов.

Вай афзуд, ки ба Сӯх бори нахуст Раиси ҳукумати ҷумҳурӣ ташриф овардааст. Ба гуфтаи Абдулло Арипов вай масъалаҳои зиёдро омӯхт ва кӯшиш хоҳад кард, ки онро ба Президенти мамлакат мерасонад ва мавзӯъ ва масъалаҳои таҳти салоҳияту ваколати худро дар ҳамкорӣ бо вузарои мамлакат ҳаллу фасл мекунад.

-Марзҳоямон бояд аниқ ва аломатгузорӣ шаванд. Роҳи Сӯх-Риштонро дар муддати наздик мекушоем. Дар ин масъала бо ҷониби Қирғизистон радду бадал кардем. Як қатор масъалаҳоро вазирон ба ин ҷо омада, бевосита дар ҳаллу фасли он камари ҳиммат мебанданд,-изҳор кард Нахуствазири Ӯзбекистон.

Ба таъкиди Абдулло Арипов вай барои ба об таъмин кардани мардуми ноҳия вазирро мефиристад. Вай изофа намуд, ки Шавкат Ҳамроев мутахассиси ин соҳа аст ва худаш дар бобати таъмин мардум бо оби нӯшокӣ ва соҳаи обёрӣ ҷиддан машғул хоҳад шуд.

-Барои ҷавонони сӯхӣ квотаҳо ҷудо мекунем, то ки онҳо дар донишгоҳҳои мухталиф рафта таҳсил кунанд ва соҳиби маълумот шаванд. Аммо роҳи равуои хос ё коридор аз тариқи марзи Қирғизистонро сарварони ду давлат ҳал мекунанд. Чунки ин масъала марбути ду кишвар мебошад. Ҳамчунин дар муоҳида бо ҳамсояҳо масъалаи чарогоҳҳоро низ баррасӣ хоҳем кард,-таъкид намуд Абдулло Арипов.

Ба гуфтаи нахуствазири Ӯзбекистон афроде, ки бар асари даргирӣ хонаҳояшон оташ гирифтааст, дар ояндаи наздик соҳиби хонаҳои хушсохту замонавӣ хоҳанд шуд. Маблағи онро давлат бар дӯш мегирад.

-Мо ҷиҳати тайини ҳокими ноҳияи Сӯх низ ба як қарор хоҳем омад ва номзади пешниҳодкардаи шуморо низ мавриди муҳокима қарор хоҳем дод. Ҳамчунин роҳҳои зиёди шумо тармиталаб шудаанд ва онро аз ҳисоби буҷа мумфарш мекунем. Дар ин кор аз меҳнати ҷавонони сӯхӣ истифода хоҳем кард,-гуфт Абдулло Арипов.

Вай дар ҷараёни мулоқот ба чанд нафар сокини Сӯх иҷоза дод, ки бонавбат дарду ҳол кунанд, масъалаҳоро дар миён гузоранд. Дар мулоқот гуфта шуд, ки марзбонону гумрукчиён ва милисаҳои қирғиз ҳангоми равуо онҳоро азият медиҳанд, пули зиёд талаб мекунанд, ҳамеша болояшон таҳдиду фишор меоваранд,  ба иззати нафсашон мерасанд.

Ногуфта намонад, ки дар ҷараёни даргириҳои рӯзу шаби гузашта даҳҳо нафар сокини деҳаҳои гуногуни Сӯх ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд ва дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ҳатто се нафари захмиён дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол як гурӯҳ ҷавонон ба далели шикастани ойинаи мошинҳои ҳокими вилоят, милисаҳо ва низомиён боздошт шудаанд. Маълум нест, ки онҳо кай аз банд раҳо хоҳанд шуд. Аммо як манбаъ ба “Фараж” изҳор кард, ки 20 нафари онҳо озод карда шуданд, вале қисмати боқимонда маълум нест, ки дар куҷо ба сар мебаранд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь