Сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов рӯзи душанбе, чун анъана, зимни як нишасти хабарӣ ба хабарнигорони маҳалливу хориҷӣ роҷеъ ба он ҳарф зад, ки ҳафтаи гузашта дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвараш чи таҳавулот ба амал омадаанд.

Вай ҳамчунин аз гуфтугӯи телефонии ду сарвари давлат Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Шерзод Асадов гуфт, раисиҷумҳури кишвараш 23 июн дар ин суҳбати телефонӣ аз натиҷаҳои ташриф ба Тоҷикистон, ки 10-11 июн баргузор гардид, ибрози қаноатмандӣ намуд.

– Президенти кишварамон зимнан ба натиҷаҳои ин сафар баҳои баланд дод. Ҷонибҳо масъалаи боз ҳам тавсеа бахшидани ҳамкориҳоро низ баррасӣ намуданд, – гуфт Шерзод Асадов.

Вай афзуд, ки дар вақтҳои охир вазъият дар шимоли Афғонистон рӯ ба ташаннуҷ овардааст. Ба таъкиди Асадов ин вазъият ду давлати ҳамҷавори Афғонистон Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро ба нигарониҳо мувоҷеҳ кардааст.

– Президентони ду кишвар перомуни ин масъала низ табодули назар карданд. Онҳо лозим шумурданд, ки ба манзури таъмини амният ва суботи минтақавӣ саъй ва ҳаракатҳои худро ҳамоҳанг месозанд, – изҳор кард сухангӯи президенти Ӯзбекистон.

Шерзод Асадов дар пайи он гуфт, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон як гурӯҳи низомиёни мусаллаҳи афғонро, ки баъди ташаннуҷи авзоъ ба қаламрави кишвараш гузашта буданд, мувофиқи қонунгузориҳо ва қавоиди байналмилалӣ бозрасӣ ва баъдан баргашти онҳоро ба қаламрави Афғонистон таъмин кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь