Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни як ҷаласаи ҳукумат гуфт, қарореро имзо кардааст, ки тибқи он, кишвараш тавассути Оҷонси Шарқи Наздики СММ ба сокинони Навори Ғазза 1,5 миллион доллар кӯмак мекунад.

Дар ин бора хабаргузории Kun.uz иттилоъ дода менависад, ки Шавкат Мирзиёев ҳамчунин гуфтааст, “ҳамроҳи мардуми Фаластин аст”.

“Мо ба таври қатъӣ ҳамраъйии худро бо мардуми Фаластин изҳор менамоем ва аз ҳуқуқи онҳо барои таъсиси давлати мустақили худ тибқи қатъномаҳои қаблан қабулшудаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Амният ҷонибдорӣ мекунем”, – гуфтааст Шавкат Мирзиёев.

Мирзиёев аз ҳарду ҷониби даргир даъват кардааст, ки фавран бо ҳадафҳои башардӯстона созиш ва амалиёти ҷангиро бас кунанду низоъро бо роҳи осоишта ҳал кунанд.

Ӯ ҳамчунин ба наздикони ҳамаи қурбониён дар Фаластин ва Исроил изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь