Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайваст шудан ё нашудани Ӯзбекистон сару садоҳои мусбату манфӣ ва зидду нақиз зиёд гардидаанд. Ба назари бархе аз коршиносон агар ин кор ба вуқӯъ пайвандад, Ӯзбекистон танҳо бурд хоҳад кард, аммо иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайвастани Ӯзбекистон паёмадҳои ногувор хоҳад дошт.

Дар ҷараёни ток-шоуи навбатии Пресс-клуби байналмилалии шабакаҳои “Ӯзбекистон-24” ва “Ҷавонӣ”(Ёшлар) хабарнигори “Фараж” аз  муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Неъматов пурсид, ки ҷониби Ӯзбекистон дар ин бора чӣ вокуниш нишон медиҳад.

– Ӯзбекистон бо дарназардошти манфиатҳои миллии худ ба созмонҳои дилхоҳи худ мепайвандад. Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки агар мо ба ин Иттиҳод пайвандем, истиқлолияти Ӯзбекистон зери суол қарор хоҳад гирифт. Боз гурӯҳи дигар ақидаеро пеш меронанд, ки ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пайвастани Ӯзбекистон шояд барои бархе ҳодисаи нохушоянд бошад. Барои шомил шудан ба ин ё он созмон, аз қабили СҲШ ва созмонҳои дигар, мутахассисони мо паҳлӯҳои ин масъаларо комилан таҳти омӯзиш қарор медиҳанд, – гуфт Илҳом Неъматов.

Ба таъкиди ҷонишини якуми вазири корҳои хориҷаи Ӯзбекистон баъди омӯзишу таҳқиқи ҷанбаҳои мусбату манфии он тасмими ниҳоӣ гирифта мешавад. Вай мегӯяд, ба истилоҳи оддӣ натиҷагириҳо ба паллаи тарозу гузошта мешаванд ва кадоме аз он вазнин бошад, аз рӯи ҳамон қарори ниҳоӣ эълон мегардад.

– Масъала ҷиҳати мусбат пайдо кунад, ба он созмон пайваст мешавем. Баъзеҳо бар ин фикранд, ки барои пайвастан ба он ба Ӯзбекистон тазйиқ ворид мешавад. Ин дуруст нест, зеро ягон давлат ҳақ надорад, ки  ба давлати мустақили дигар ҷиҳати пайвастан ё напайвастани он ба ягон созмону ташкилот  аз шеваи фишор кор гирад. Ин дар ҳолест, ки Ӯзбекистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ дорои салоҳиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ мебошад. Барои ҳамин ба Ӯзбекистон фишор овардан ғайриимкон аст, – изҳор дошт Илҳом Неъматов.

Бар асоси суханони Илҳом Неъматов Ӯзбекистон сиёсати хориҷии худро танҳо бо дарназардошти манфиатҳои милли худ амалӣ месозад. Вай мегӯяд, Ӯзбекистон дар миёни минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеъ гирифтааст ва ба ин омил бояд таваҷҷӯҳи хос зоҳир кард.

– Бо ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ марзҳои муштарак додем. Ҳар як масъалае, ки дар минтақаи мазкур ба миён меояд, бидуни иштироки давлати дигар ҳаллу фасл карда намешавад. Барои ҳамин Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба манфиатҳои миллии мо рост меояд ва мо метавонем ба ин иттиҳод бипайвандем. Қазоқистон, Русия ва Қирғизистон давлатҳоеанд, ки Ӯзбекистон бо онҳо робитаи стратегӣ дорад. Гузашта аз ин, барои Ӯзбекистон бозор низ лозим аст, ки маҳсулоти худро ба фурӯш барорад.  Барои баромадан ба бозорҳори дигар низ қаламрави Қазоқистон ва Русияро истифода мекунем. Ин нукот низ барои пайвастани мо ба иттиҳоди мазкур омили муҳим ба шумор мераванд, ки соҳибони сару садо бояд ба ин масъалаҳо мутаваҷҷеҳ бошанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь