Дар Ӯзбекистон теъдоди ба коронавирус сироятшудагон ба 145 нафар расидааст. Дар ин бора Вазорати тандурустии ин кишвар иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки шаш нафари онҳо афродеанд, ки 26-уми март тавассути хатсайри чартерӣ аз Маскав ба Тошканд интиқол ёфтаанд ва дар айни ҳол дар қарантину зери назорати мутахассисон қарор доранд.

Ҳафт нафари дигар тавассути хатсайри Истамбул-Тошканд интиқол ёфтаанд. Се нафари ба қарантин гирифташуда бо беморон вориди мулоқот шудаанд ва ҳоло онҳо низ зери назорат мебошанд.

Тибқи иттилои ин манбаъ як марди зери назорати мутахассисон фавтидааст. Маълум шуд, ки 7 нафар аз теъдоди умумии сироятшудагони коронавирус саломатии худро барқарор кардаанд ва аз шифохона баромадаанд.

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон аксуламали зидди коронавирусии “Дар хона монед!”-ро дар миёни аҳолии ин кишвар пиёда намудааст. Маҳдудиятҳои зиёд ҷорӣ шудаанд ва вайронкунандагони ин маҳдудиятҳо ҳатто ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида хоҳанд шуд.

Сардори идораи назорати давлатии санитариву эпидемиологии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Нурмат Отабеков гуфтааст, ки танҳо дар сурати рияои чорабиниҳои зидди коронавирус имкони ҷилвгирӣ аз сирояти ин вабо имконпазир мегардад.

Тибқи иттилои ШКД шаҳри Тошканд дар як шабонарӯз 1 ҳазору 46 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои ҷоригардидаи қарантин ба қайд гирифта шудаанд. 1 ҳазору 7 нафар бидуни ниқоби тиббӣ ба сайр баромадаанд. 39 нафар қоидаҳои қарантини хонагиро вайрон кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки миқдори ҷарима барои вайрокунандагони қоидаҳои қарантин аз як маоши ҳадди ақал (221 ҳазор сӯм) то 11 миллион сӯм ва ҳатто ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар шудааст.

Дар ин рӯзҳо масъулини идораҳои гуногун бо ташкили брифингҳо ба саволҳои хабарнигорон ва одамони алоҳида ҷавоб медиҳанд, ки ин саволу ҷавобҳо аз тариқи онлайн ба роҳ монда шудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь