Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Куриёи Ҷанубӣ KOICA дар вилояти Бухоро таъсиси марказҳои омӯзишӣ барои занону духтаронро таъмини молӣ мекунад. Гуфта мешавад, ин агентӣ барои аз нигоҳи иҷтимоӣ дастгирӣ намудани аҳолии аз пандемии COVID-19 осебдидаи ин вилоят ба чунин иқдомоти наҷиб даст мезанад.
Робитаҳои ин кишвари офтобрӯ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз пеш тавсеа меёбанд. Аллакай солҳои 90-уми қарни гузашта ин кишвар дар шаҳри Асакаи вилояти Андиҷони Ӯзбекистон корхонаи тавлиди мошинҳои сабукравро роҳандозӣ кард ва Ӯзбекистонро ба шумори 28 кишвари истеҳсолкунандаи мошин табдил дод.
Гузашта аз ин, Куриёи Ҷанубӣ аз мамлакатҳои ҳамкори Ӯзбекистон мебошад, ки сармоягузорони он дар рушди иқтисодиёти ин кишвар нақши муассир мебозанд. Барпо шудани даҳҳо корхонаҳои хурду бузург бо маблағҳои сармоягузорони Куриёи Ҷанубӣ баёнгари он аст, ки Ӯзбекистон аз ҳамкорӣ ва тавсеаи робитаҳояш бо он хеле манфиатдор мебошад.
-Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев 16-18 декабри соли равон дар Куриёи Ҷанубӣ бо сафари давлатӣ ташриф овард. Дар ҷараёни ин сафар рушди ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодиёти “сабз”, рақамикунонӣ, инноватсияҳо ва технологияҳои замонавӣ, хадамоти коммуналӣ, хоҷагии об, кишоварзӣ, барқ, нақлиёт, таълим, тандурустӣ ва амсоли он дар меҳвари гуфтушуниди роҳбарони ду давлат қарор гирифт,-мегӯяд сухангӯи Вазорати маҳалла ва пуштибоӣ аз оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саодат Боймирзоева.
Дарвоқеъ, Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Куриёи Ҷанубӣ-KOICA маҳз бо ин вазорати Ӯзбекистон робитаҳояшро фарохтар месозад. Дар вилояти Бухоро таъсиси марказҳои омӯзишӣ, ки зикраш пештар ррафт, бо ташаббус ва таъмини молии ин агентӣ корбаст гардидааст.
Зимни суҳбати ихтисосӣ ҳокими вилояти Бухоро Ботир Зарипов ба “Фараж” гуфт, ки кишвараш аз тавсеаи ин ҳамкориҳо фақат бурд хоҳад кард.
-Куриёи Ҷанубӣ бо таъсиси марказҳои омӯзишии худ мусоидат менамояд, ки як теъдоди занону духтарони бухорӣ касб омӯзанд ва маҳорату малакаашонро такмил кунанд. Бо хушҳолӣ зикр мекунам, ки дар доираи лоиҳаҳои ин кишвар дар се ноҳияи мо марказҳои омӯзишиву соҳибкории занону духтаронро ифтитоҳ гардиданд. Албатта, ин марказҳо дар беҳбуди ҳаёти мардуми мо, боло бурдани малакаву маҳорат ва дониши касбии занону духтарони маҳаллӣ нақши мусбатхоҳанд бозид,-изҳор намуд Ботир Зарипов.
Ҷои шубҳа нест, ки ифтитоҳи марказҳои омӯзишии ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои “Хоҷагон”, “Қалмоқон” ва “Хоҷаи якшаба”-и вилояти Бухоро баёнгари он аст, ки эҳтиёҷи як идда занону духтарон ҷиҳати ба даст овардани касбу кори нав ва пайдо кардани ҷои кор, пеш бурдани зиндагӣ, таъмини маишати хонаводагӣ ҳатман мусоидат хоҳад кард.
Маълум шуд, ки дар марказҳои омӯзишӣ онҳо аз рӯи касбу кори пазандагӣ, дӯзандагӣ, хоҳари шафқат ва зардӯзиву ҳунарҳои дигар соҳиби сертификат мешаванд. Ба гуфтаи занони маҳаллӣ ҳамаи ин навгониҳоро қаблан занону духтарон фақат орзу мекарданд. Дар айни замон бо кумакҳои молии Агентии куриёӣ ин орзуҳояшон ҷомаи амал мепӯшанд.
Танҳо дар ноҳияи Когони Бухоро 30 нафар занону духтарон барои омӯхтани касби дӯзандагӣ, 20 нафар – сартарошӣ, 20 нафар – технологияи ахбор, 25 нафар – муҳосиб ва 15 нафар барои соҳибикасби ҳамшираи шафқат шудан гирдиҳам омадаву аз мураббиёну устодони худ касб меомӯзанд.
Ногуфта намонад, ки соли 2021 ҳудуди 2 ҳазору 229 нафар занону духтарони ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёзманд дар вилояти Бухоро ба қайд гирифта шудаанд. Онҳо зина ба зина ва марҳала бар марҳала ба сафи аҳолии сатҳи зиндагиашон мӯътадил шомил хоҳанд шуд. Аллакай аз нисф бештари онҳо соҳиби касбу кор гаштаанд ва барои худ ҷои кор пайдо кардаанд.
Таваҷҷӯҳи маро номи “Хоҷаи Якшаба” ба худ ҷалб намуд. Маълум шуд, ки қисмати аъзами сокинони ҷамоати шаҳрвандони деҳаи Хоҷаи Якшабаи ноҳияи Когон мардуми тоҷиктабор мебошанд. Ба гуфтаи яке аз сокинони он Орзугул Мараҷабова аксари бошандагони деҳа аз таърихи номгузории он огоҳ ҳастанд.
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо Хоҷаи Якшаба ном гирифтани деҳаи онҳо бесабаб нест. Ҳанӯз чанд аср муқаддам дар ин деҳ ба ҳайси меҳмон як нафар омадааст ва донишу заковати ӯ атрофиёнро ба ҳайрат овардааст.
-Одами заковатманд будани Хоҷаи Якшаба аз он пайдо шудааст, ки вай дар давоми як шаб ба Ҳақ расидааст ва дар байни мардум номи валиро гирифтааст. Ғайр аз номи ӯро гирифтани деҳаи мо дар қабристон мақбарае низ мавҷуд аст, ки Хоҷаи Якшаба он ҷо дафн шудааст,-иброз намуд Орзугул Мараҷабоваи когонӣ
Муаррихону солноманависон низ маълум накардаанд, ки номи аслии Хоҷаи Якшаба чист ва асли ватани ӯ куҷост. Дар китоби олим ва пажуҳишгар Садриддин Салими Бухорӣ дар бораи Хоҷаи Якшаба ҳамон маълумот дода шудааст, ки пештар аз номи Хонуми Орзугул Мараҷабова ин ҷо зикр кардем.
Нуктаи дигари қобили зикр аз ҳамин иборат мебошад, ки ба туфайли ҳамкориҳои Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея бо Ӯзбекистон чанд маҳаллаву ҷамоатҳои дигари вилоятҳои Сирдарё ва Қашқадарёи ин кишвар низ рӯ ба ободӣ оварда, ҳамзамон барои таъмини маълӯлон бо воситаҳои антисептикӣ, аробачаҳо, асбобҳои шунавоӣ ва асобағалҳо мусоидат кардааст.
Ин агентӣ моҳи апрели соли 1991 таҳти тасарруфи Ҳукумати Куриёи Ҷанубӣ ташкил ёфтааст. Ҳадафи ин агентӣ ба тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии давлатҳои ҳамкори он ҳисса ҳамроҳ кардан мебошад. Инчунин татбиқи лоиҳаҳоеро мадди назар дорад, ки барои беҳбуд ва мустаҳкам намудани равобити кишварҳои ҳамкор бо Куриёи Ҷанубиро таъмин менамояд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Бухоро