Вазорати адлия барои истеҳсоли коғази муҳофизатӣ бо иловаи нахҳои абрешими табиӣ, ки дар якҷоягӣ аз ҷониби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Давлат Белгиси», «Ӯзбекипаксаноат» ва Донишкадаи нассоҷӣ ва саноати сабуки Тошканд таҳия шудааст, иҷозатнома дод.

Ба гузориши маркази матбуоти Бонки марказӣ, фановарии сохти коғаз бо афзудани нахҳои абрешими табиӣ, ки хосияти муҳофизатии бештаре барои пул ва дигар коғазҳои арзишнок дорад, барои аввалин бор дар ҷаҳон дар Узбекистон тавсеа ёфт.

Ин ихтироъ имкон медиҳад, ки коғази арзишнок аз дигар навъҳои коғаз фарқ карда шавад, зеро ба таркиби элементҳои ҳифзи он нахҳои абрешими табиӣ дохил мешаванд.

Гуфта мешавад, ин ихтироъ, яъне фанноварии тавлиди коғаз бо иловаи нахи абрешим, аз ҷониби мутахасисони ширкатҳои байналмилалӣ, ки дар тавлиди пул, асноди ҳифозатӣ ва коғаз аз пешгомони ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд, таваҷҷуҳи зиёд ба бор овардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь