Нашрияи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон – рӯзномаи “Янги Ӯзбекистон”(Ӯзбекистони нав), чопи Тошканд, дар вебгоҳи худ (yuz.uz) пахши хабарҳоро ба забони тоҷикӣ низ ба роҳ мондааст.
Гуфта мешавад, минбаъд дар радифи тоҷикони муқими Ӯзбекистон кулли форсигӯёни ҷаҳон ба воситаи ин вебгоҳ аз навгониҳои Ӯзбекистон иттилои дақиқ ва шаффоф дастрас хоҳанд кард.
Рӯзномаи “Янги Ӯзбекистон” интишори худро аз 25-уми январи соли гузашта оғоз кардааст. Ин рӯзнома дар муддати кӯтоҳ таваҷҷӯҳи теъдоди зиёди муштариёнро ба худ кашидааст. Дар айни ҳол ин рӯзнома ба теъдоди 80 ҳазор нусха чоп мешавад.
Вебгоҳи “yuz.uz” то ин замон ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва қазоқӣ нашр мешуд. Дар тарҷумаи маводи он як гурӯҳ журналистони тоҷики муқими шаҳри Тошканд саҳм мегиранд.
– Ин иқдоми дастандаркорони рӯзномаи “Янги Ӯзбекистон” боиси дастгирист. Дарвоқеъ, ба роҳ мондани сайти тоҷикии ин рӯзнома шаҳодат медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тарғиб ва рушди забони тоҷикӣ низ таваҷҷӯҳ карда мешавад, – гуфт ба мухбири “Фараж” тарҷумони он Шоқаҳҳори Муҳаббатзод.
Ногуфта намонад, ки вебгоҳи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон чанд сол муқаддам як қатор маводи рӯзномаи “Овози тоҷик”-ро интихобан бо забони асли он – тоҷикӣ нашр мекунад.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд