23 май шаҳри Намангон бори 60-ум ба фестивали байналмилалии гулҳо ҳусни оғоз бахшид. Ин фестивал то 31 май давом хоҳад кард. Дар он меҳмонон аз кишварҳои гуногун ташриф оварданд. Як гурӯҳ меҳмонони тоҷикистонӣ низ таҳти раёсати раиси идораи муҳити зисти шаҳри Душанбе Нурулло Раҳимзода ҳузур доранд.

Субҳи 23 май дар минтақаи майдони байналмилалии ҳавоии Намангон садои дафу доира ва карнаю сурнай ба ҳаво дакка зад. Дар ду тарафи роҳе, ки майдони ҳавоиро бо маркази шаҳри Намангон васл мекунад, теъдоди зиёди мардум гирдиҳам омаданд, ки аз бисёрии одамон ҷои сӯзанзанӣ набуд.

Бештар аз саду панҷоҳ  мошини сабуку боркашони тавлиди солҳои гуногун ва тамғаҳои гуногун, (як қисми ин мошинҳо дар замони шӯравии собиқ истеҳсол шудаанд), мошинҳои зиреҳпӯши низомӣ, мотосиклҳо, тракторҳову комбайнҳо, экскаватору грейдерҳо ва амсоли он ба корвони Иди гулҳо ҷалб шуда буданд. Ҳамаи ин техника дар як қатор меистоданд ва амри шахси масъули ҳокимияти вилояти Намангонро мунтазир буданд.

Дарвоқеъ, одамон яке аз паси дигар аз тамошои бо гулҳои рангоранг орододашудаи қатори техника ба шавқу завқ меомаданд. Баъзе тамошобинон, бо вуҷуди назорати кормандони умури интизомӣ, кӯшиш мекарданд, ки дар назди яке аз техникаҳои саропо гулборон акс гиранд ва аз таърихи фестивали гулҳо ба худ ёдгорӣ боқӣ гузоранд.

Вақте ба ронандагони ин корвон амри ҳаракат дода шуд, тамоми техника якбора ба ҳаракат даромад ва ба самти маркази шаҳр равон шуд. Қатор якчанд кӯчаву хиёбони шаҳрро давр зада, то ба боғи ба номи Бобур расид, ки гуфта мешавад, нуқтаи ниҳоии ҳаракатро ташкил мекард.

Баъд маросими ифтитоҳи он дар майдони Сулҳ баргузор гардид. Ҳокими вилоят Шавкатҷон Абдураззоқов ҳамаи меҳмононро ба фестивали гулҳо хайрамақдам гуфт. Баъд дар бораи таърихи иди гулҳо маълумоти мухтасар ироъа намуд, ки чи тавр он рӯи кор омадааст ва ташаббускорони он киҳо буданд.

Маълум шуд, ки ин чорабинии фарҳангӣ солҳои шастуми қарни гузашта роҳандозӣ шудаву то имрӯз давом мекунад ва он сол аз сол шукӯҳ ва шаҳомати бештарро касб менамояд. Танҳо дар боғи Бобур дар ивази севуним миллиард сӯмина корҳои сохтумонӣ-васлгарӣ ва ғайра анҷом дода шудаанд.

Ба таври мисол, садҳо чароғи равшанидиҳанда, даҳҳо нишастгоҳҳо, барои салқинӣ бахшидан фаввораҳо сохтаанд, дар 1 гектар дӯконҳои яхмосу шарбатфурӯшӣ бунёд кардаанд, 48 атраксиони нав дар ихтиёри мардум вогузорӣ шудааст, дарахтони манзаравӣ ва 11 миллион дона гулҳои рангоранг шинондаанд.

-Имсол мо талош кардем, ки боғи 16 гектарии Бобурро саропо аз композитсияҳои гул пур кунем. Ин гулҳо пайваста аз тариқи обёрии қатраӣ парвариш меёбанд. Барои гулфурӯшон дар беруни ин боғ растаҳои махсус ташкил намудем. Ин иди гулҳо солиёни дароз дар шаҳри мо таҷлил хоҳад шуд,-изҳор кард Шавкатҷон Абдураззоқов.

Вай афзуд, ки дар поёни ин фестивал ба шахсони ташаббускор ва онҳое, ки барои оммавӣ шудани иди гулҳо саҳми бештар мегузоранд, ҳамеша савғоҳои қиматбаҳо месупоранд. Имсол низ ин ғолибон соҳиби мошини сабукрави “Сhevrolet Lacetti” мешаванд.

Дар ин рӯзҳо дар боғи Бобури ин шаҳр бо ширкати овозхонҳои маъруф барои мардум барномаҳои консертӣ тақдим мегарданд. Сайру гашти мардум, шавқу сурур то 31 май давом хоҳад кард.

Ногуфта намонад, ки меҳмонони фестивал тайи ин рӯзҳо аз ҷойҳои таърихии вилоят, зиёратгоҳҳову қадамҷойҳо низ боздид мекунанд.

Фестивали “Иди гулҳо” дар шаҳри Намангон идома дорад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Намангон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь