Идораи мусулмонони ин кишвар ба суоле дар бораи ғизо бо иловаи ба истилоҳ “тилои хӯрданӣ” посух дод.
Маркази фатвои Идораи мусулмонони Ӯзбекистон хабар дод, ки истеъмоли тило ва дигар металлҳои қиматбаҳои дар ғизо иловашуда ё ҷудо воридшуда, хилофи шариат ва суннатҳои инсонӣ аст.
«Дар дини мо тило хӯрдан ё ба ғизо илова кардани он нодуруст аст. Тило ва нуқра воқеан ҳамчун пули нақд ва ҷавоҳироти занон офарида шудаанд. Ба чизи хӯрданӣ табдил додани онҳо ғайри қобили қабул аст. Ин хилофи шариат ва урфу одатхои инсонист, зеро ҳеҷ миллат, дин ва ҷомеа тило ва нуқраро ҳамчун ғизо қабул накардааст”, – омадааст дар паём.
Тибқи иттилои Маркази фатво низ набояд дар зарфҳои тилоӣ ва нуқраӣ бихӯрду нӯшид. Ин зуҳуроти «исрофкорӣ ва худнамоӣ буда, боиси хору зор шудани мардуми бечора мегардад».
Ин марказ мегӯяд, ки бархе аз пизишкон метавонанд барои мақсадҳои доруворӣ истеъмоли миқдори ками тилоро тавсия диҳанд. Агар лозим бошад, ҷоиз аст, аммо хӯрдани металлҳои қиматбаҳо ҳалол нест.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот пайдо шуд, ки як тарабхона дар Қӯқанд ба мизоҷон кабоб, яхмос ва оши палав бо луоби тилоӣ пешкаш мекунад. Арзиши кабоби «тилоӣ» 470 ҳазор сӯм (тақрибан 425 сомонӣ), 1 килограмм палави «тилоӣ» 40 миллион сӯм (тақрибан 36 102 сомонӣ) аст.