Бахшида ба зодрӯзи шоири фаромарзи тоҷик Лоиқ Шералӣ ва бо ибтикори Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстонаи Девони вазирони Ӯзбекистон дар Тошканд маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ китобҳои тозанашри “Чароғи абадӣ”-и Мирзо Турсунзода, “Ман намемирам”-и Лоиқ Шералӣ ва “Шабогард”-и шоир Паймон рӯнамоӣ шуд. Дар ин бора ба “Фараж” Анорбой Назаров, хабарнигори “Овози тоҷик”, аз Тошканд хабар медиҳад.

Дар ин маҳфил, ки сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, писарбузурги устод Лоиқ – Диловар Шералӣ ва аҳли адабу фарҳанг, толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯён ширкат ҷустанд, аз боби рӯзгор ва осори безаволи шоир сухан гуфтанд.

Ба иттилои хабарнигор, Рустам Қурбонов, раиси кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстона, гуфтааст, алҳол лоиҳаҳои осон намудани идома бахшидани таҳсили фарзандоне, ки дар макотиби ҷумҳурӣ бо забони тоҷикӣ таҳсил намудаанд, ба тасвиб мерасад. Ҳамчунин, дар назар аст, ки шароити кори рӯзномаи “Овози тоҷик” беҳтар гардад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, дар ин маҳфил сухан аз боби робитаҳои фарҳангӣ-адабии ду кишвар ба миён гузошт.

– Бо ҳамкории синамогарони ду ҷумҳурӣ филми бадеии “Дурахши ахтарон” ба навор гирифта мешавад. Рӯзҳои наздик пахш хоҳад гашт, ки аз дӯстии ду халқи бародар ҳикоя мекунад,- гуфт сафир.

Раҳмонзода аз бузургии Лоиқ дар таҳкими дӯстӣ ва муносибатҳои дӯстона дар байни ду миллат таъкид дошт.

Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова хабар дод, аз ин пас осори бузургони илму адаб ва намунаҳои эҷоди адибони тоҷикзабони Ӯзбекистон дар шакли китоб ба нашр хоҳанд расид.

Гуфта мешавад, дар маҳфил донишҷӯёни тоҷик аз ашъори ин шоирон қироат карданд. Масъуд Мирзо, шоир ва рӯзноманигори тоҷик бо хондани шеъраш дар васфи Лоиқ ба маҳфил хотима бахшид.

Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз бузургони адабиёти муосири тоҷику форс, 20-уми майи соли 1941 дар Панҷакент таваллуд шуда, 30-юми июни соли 2000-ум дар Душанбе даргузашт. Гуфта мешавад, рӯҳу ғурури шоистаи миллӣ ва эҳсоси волои ватанхоҳию башардӯстии бузургони миллатро Лоиқ Шералӣ дар замону заминаи наве рангу ҷило ва парвози бештаре ато фармуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь