Тавре Агентии идораи дороиҳои давлатии Ӯзбекистон эълом доштааст, Комиссияи давлатии тендери фурӯши амволи давлатӣ дар бораи равандҳои хусусигардонии иншооти калони амволи ғайриманқул қарор қабул кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар байни чунин иншооти ба фурӯш гузошташуда бинои собиқи Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон (ХАДӮ), воқеъ дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд, низ шомил мебошад.
Арзиши хариди он 210 миллиард сӯм, ё муодули 19,8 миллион доллари ИМА, муқаррар гардида, аз тариқи музояда Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Metropol Group” ғолиби ин тендер шудааст.
Бино ба гузоришҳои расида муассиси ҶММ «Metropol Group» бо саҳмияи 100-дарсадӣ ба Дониёр Абдулазизович Комилов – фарзанди вазири хориҷаи Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов тааллуқ дошта, он чаҳор моҳ қабл ба рӯйхат гирифта шудааст.
Дар Ӯзбекистон биноҳои маҷмааи нашри рӯзномаҳо (78 миллиард сӯм), маҷмааи амволи Ичан-қалъа (74,2 миллиард сӯм) низ аллакай соҳибони худро пайдо кардаанд.
Дар айни ҳол барои ба фурӯш гузоштани биноҳои маҷмааи ҶММ “Пойтахт бизнес”, маҷмааи савдо ва хизматрасонии маишии “Малика”, ҳамчунин як иншооти бузурги ҳавзи шиноварӣ ва амсоли он корҳои омодагирӣ идома доранд.
Гузашта аз ин, 45 корхонаи тиҷоратии марбути Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон низ ба далели дар радифи корхонаҳои ғайрифаъол, зиёновар ва камдаромад қарор доштан барҳам дода мешаванд. Гуфта мешавад, ки соли 2017 барои таъсис додани ин корхонаҳо 36 миллиард сӯм ихтисос дода шудааст, аммо ин кор натиҷаву самаре набахшидааст.
Мувофиқи қарори Ҳукумати ин кишвар аз 3 июни соли 2021 “Дар бораи чораҳои аз нав ташкил кардан ва барҳам додани корхонаҳо бо иштироки давлат” 454 корхона барҳам дода хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, ҳамаи ин корхонаҳо ба шумори корхонаҳои ғайрифаъол ва зиёновар шомил шудаанд ва қонунгузориҳои Ӯзбекистон тақозо мекунанд, ки ғайр аз барҳам додани ин корхонаҳо чораи дигар вуҷуд надорад.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд