14-уми сентябр Ӯзбекистон ба мардуми Афғонистон кумаки башардӯстона фиристодааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ин маводи башардӯстона аз тариқи шаҳри бо вилояти Сурхондарё ҳаммарзи Ҳайратон вориди қаламрави Афғонистон шуд.

Бино ба иттилои ин манбаъ маводи интиқолёфта аз аз орду равған, доруҳои тиббӣ, либосу пойафзал ва амсоли он иборат мебошад.

Ба гуфтаи намояндаи хоси Президенти Ӯзбекистон дар умури Афғонистон Исматуллоо Эргашев дар айни ҳол мардуми ин кишвари ҳамсоя ба ҳар гуна кумакҳои башардӯстона ниёзманданд.

– Кумаки башардӯстонае, ки мо барои мардуми азиятдидаи Афғонистон интиқол додем ва онро ба мақомоти вилояти Балх таслим намудем, эҳтиёҷоти аввалияи онҳоро  то андозае коҳиш хоҳад дод, – гуфтааст Исматулло Эргашев зимни мулоқот бо хабарнигори шабакаи телвизионии “Орзу”-и Афғонистон.

Дар маросими таслими ин маводи башардӯстона намояндаи ҳукумати муваққати Афғонистон Забеҳулло Муҷоҳид аз номи мардуми Афғонистон ба ҷониби Ӯзбекистон, аз ҷумла Президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ибрози сипосгузорӣ кардааст.

Ба гуфтаи Муҷоҳид дар ин замони барои мардуми Афғонистон мушкилзо дасти кумак дароз кардани Ӯзбекистон ва ҳамрайъӣ бо мардуми он иқдоми хеле ҷиддӣ мебошад.

– Дар қадами аввал, барои кумак ба мардуми мо шахсан сарвари давлати Ӯзбекистон вокуниши мусабат нишон дод ва мо чунин иқдоми Шавкат Мирзиёевро дар ин давраи пахши куруно намунаи беҳтарини дӯстиву ҳамҷаворӣ ва инсондӯстӣ арзёбӣ мекунем, – гуфтааст волии Балх Қудратулло Абӯ Ҳамза.

Дар айни ҳол СММ бо дарназардошти эҳтиёҷоти мардуми Афғонистон нисбати маводи ғизоӣ дар Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон анборҳои маводро роҳандозӣ кардааст. Тибқи хабарҳои расида яке аз чунин анборҳои СММ дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон  ташкил шудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь