Ӯзбекистон беш аз пеш талош ба харҷ додааст, ки ба истиқлолияти нерӯи барқ бирасад. Гуфта мешавад, ин кишвар лоиҳаҳои зиёдро дар ин замина мавриди татбиқ қарор додааст ва таъмини маблағи онро ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ ба дӯш гирифтаанд.
Тавре директори генералии Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Талимарҷон, воқеъ дар вилояти Қашқадарёи ин кишвар, Олим Юсупов мегӯяд, Бонки осиёии рушд ва Бонки аврупоии эҳё ва рушд аз ниҳодҳои молиявии ҷаҳонанд, ки дар бунёди ду блоки ин нерӯгоҳ саҳми калон гирифтанд.
– Бунёди блокҳои 2-юм ва 3-юми Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Талимарҷон бештар аз 944 миллион доллари амрикоиро талаб мекард. 450 миллион доллари онро Бонки осиёии рушд ва 237 миллион долларро Бонки аврупоии эҳё ва рушд пардохтааст. Маблағҳои боқимонда аз ҳисоби худи ин корхона ва хазинаҳои гуногуни Ӯзбекистон сарф шудаанд, – гуфт Олим Юсупов.
Вай афзуд, ки дар сохтану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин ду блоки иловагӣ консорсиуми ширкатҳои машҳури Куриёи Ҷанубӣ – “Hyundai Engineering and Construction” ва “Daewoo International Corporation” ба кор ҷалб карда шуданд.
Ба гуфтаи Олим Юсупов ҳоло ду блоки нав дар маҷмӯъ 900 МВт нерӯи барқ тавлид мекунанд. Барои фаъол намудани ҳамаи блокҳои нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ ба ҳайси сӯзишворӣ аз гази табиӣ истифода мекунанд.
Ба таъкиди Олим Юсупов қаблан барои тавлиди нерӯи барқ миқдори зиёди гази табиӣ сарф мешуд. Вай мегӯяд, баъди ба кор даромадани блокҳои 2-юм ва 3-юм, ки бар асоси дастгоҳҳо ва таҷҳизоти наву замонавӣ бунёд ёфтаанд, сарфи ҳаҷми умумии гази табиӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт.
– Агар дар блоки якум барои тавлиди 1 кВт соат нерӯи барқ бештар аз 313,5 грам сӯзишвории шартӣ, яъне газ истифода шавад, дар блокҳои 2-юм ва 3-юм сарфи ин сӯзишвории шартӣ ҳамагӣ 220-221 грамро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб солона 1,9 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа карда мешавад. Маблағи умумии гази сарфашуда 118 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд, – гуфт Олим Юсупов.
Тавре ки қайд гардид, Бонки осиёии рушд барои идомаи корҳои иловагӣ тендер эълон кардааст ва шаш ширкати бонуфуз барои иштирок дар он майл кардаанд.
– Агар мо блокҳои 4-ум ва 5-умро ба кор дарорем, ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқ аз 1700 МВт ба 2600 МВт афзоиш меёбад. Ин чунин маънӣ дорад, ки солона тавлиди нерӯи барқ боз ба 7,2 миллиард кВт соат боло меравад. Сарфаи гази тибиӣ 520 миллион метри мукааб буда, ба ҳисоби маблағ он бештар аз 32 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад, – иброз дошт Олим Юсупов.
Бунёди ин нерӯгоҳ дар шаҳраки Нуристони вилояти Қашқадарё мусоидат кардааст, ки ҷойҳои фаровони кор фароҳам оварда шаванд. Гуфта мешавад, дар айни замон Нерӯгоҳи барқи ҳароратии Талимарҷон 1200 нафар сокини шаҳру рустоҳои маҳаллиро ба кор таъмин кардааст.
Мирасрор Аҳроров,
мухбири “Фараж”, вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон