Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо пахши як изҳорот аз вазъият дар Афғонистон ибрози ташвиш кардааст. Гуфта мешавад, ки аз сӯи ҷунбиши толибон ишғол шудани чанд шаҳру ноҳияи қисмати шимоли Афғонистон ва марзро убур кардани 53 низомии ин кишвар ба пахши чунин изҳорот боис гардидааст.

Дар изҳороти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон омадааст, ки таҳаввулоти ахири Афғонистон дар минтақаи бо Ӯзбекистон ҳаммарзи қисмати шимоли онро ҷиддан пайгирӣ мекунад. Бино ба ин изҳорот 23 июн 53 низомии Афғонистони ҳамҷавор дар минтақаи Шӯртепа бо силоҳҳои худ ба қаламрави Ӯзбекистон гузаштаанд.

“Афзоиши хушунат дар кишвари ҳамсоя нигаронкунанда мебошад. Шиддати вазъ дар шароити мавҷи нави пандемии коронавирус зиндагии мардуми Афғонистонро мушкилтар намудааст”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Барои ҳамин Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон аз ҷонибҳои даргир даъват кардааст, ки аз истифодаи нерӯ ва куштори одамони мулкӣ ҷилавгирӣ кунанд.

“Баъди  иҷрои расмиёти зарурии тафтишотӣ ин шаҳрвандони Афғонистон ба ватанашон бозгардонида шуданд”, – гуфтааст Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон аз тариқи изҳороти худ.

ВКХ Ӯзбекистон ҳушдор додааст, ки дар сурати убури ғайриқонунии марзи он дар муқобили вайронкунандагони марз аз чораҳои шадид кор хоҳад гирифт.

Ӯзбекистон бо қатъият изҳор кардааст, ки ба ҳамаи анъанаҳо ва муносибатҳои дӯстона бо Афғонистони ҳамҷавор арҷ мегузорад ва мавқеи бетарафиро ишғол намуда, ба умури дохии ин кишвари ҳамсоя мудохила намекунад.

Ҳукумати Ӯзбекистон кумакҳои иқтисодӣ ва башардӯстона ба мардуми Афғонистон, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои азими энергетикӣ ва нақлиёту коммуникатсиониро идома медиҳад ва мусоидат мекунад, ки дар ин кишвар сулҳу субот барқарор гардад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь