13-уми апрел дар саросари Ӯзбекистон моҳи шарифи Рамазон оғоз ёфт. Мардуми ин кишвар рӯзи аввали ин моҳи некиву мурувват, меҳрубонӣ ва эҳсонро бо шодиву нишот истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чанд рӯз қабл қарори вижаеро “Дар бораи сазовор пеш гирифтани моҳи шарифи Рамазон” содир намуд. Тибқи ин қарор моҳи Рамазон бо риояи қоидаҳои қатъии карантин ва бар асоси анъанаҳо ва суннатҳои миллӣ сипарӣ хоҳад шуд.

Дар бораи аҳамияти ин моҳи муборак аз тариқи расонаҳои давлативу мустақил, шабакаҳои телевизионӣ ва иҷтимоӣ барномаҳои хос нашру пахш мегарданд. Уламои динӣ дар бораи фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон ҳарф мезананд. Ҳамчунин, аз мардум даъват мекунанд, ки ба одамони нодору камбизоат ва ниёзманд муруввату саховат кунанд.

Хондани намозҳои таровеҳ дар масоҷиди ин кишвар сар аз рӯзи 12 апрел ба роҳ монда шуд. Гуфта мешавад, ки намози таровеҳхонӣ тамоми ин моҳ бо риояи қоидаҳои карантин давом хоҳад кард.

Дар ин рӯзҳо бозорҳои шаҳри Тошканд аз харидорон лабрез мебошад. Мардум ба манзури он ки дар ин моҳ дастурхони худро аз беҳтарин неъматҳо пур кунанд, ба бозорҳо баромадаанд.

– Ин моҳест, ки одамони мусалмон истеъмоли неъматҳои беҳтаринро барои худ афзал мешуморанд. Баракат ва нусрати моҳи шарифи Рамазон аз тарафи Худованд таъмин мегардад. Ин моҳ аз сӯи дигар моҳи саҷдаву муноҷот аст. Ба Худованд муноҷот мекунем, ки мардуми моро аз балову қазоҳои вируси куруно ҳифз кунад ва онро аз рӯи олам низ бардорад, – мегӯяд сокини ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд Қаҳрамон Ниёзов.

Тибқи қоидаҳои ҷоришудаи карантин дар моҳи шарифи Рамазон баргузор кардани ифтору меҳмондориҳои оммавӣ қатъиян мамнуъ эълон шудааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь