Дар ин рӯзҳо шаҳри Қӯқанд мизбонии ҳамоиши VI-уми вазирони гардишгарии кишварҳои узви Шӯрои давлатҳои туркзабонро бар дӯш дорад. Дар он намояндагони Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, ҳамчунин намояндаи департаменти гардишгарии кишвари Венгрия ба ҳайси нозир ширкат доранд.

Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш вазири гардишгарӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов ҳамтоёни худ ва меҳмонони ин ҳамоишро ба шаҳри Қӯқанд хайрамақдам гуфт. Вай афзуд, ки ин ҳамоиш бори нахуст дар Ӯзбекистон баргузор мегардад.

– Барои баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ интихоб шудани шаҳри Қӯқанд бесабаб нест. Қӯқанди латиф аз шаҳрҳои таърихии Машриқзамин маҳсуб меёбад. Он дар канори худ бештар аз 200 нафар фарзонаро зодаву парвардааст. Аз зумраи Гулханӣ, Махмур Ғозӣ, Муқимӣ, Фурқат, Анбар Отун, Зинат, Нодира, Увайсӣ дар равнақи шеъру адаб ва фарҳанг нақши муассир бозидаанд. Ба ибораи дигар, ин шаҳри қадимӣ, ки таърихи дуру дароз дорад, асрҳо ба ин сӯ ба ҳайси маркази ҳунармандӣ, шеъру адаб ва фарҳанг, тиҷорату савдо шӯҳрат пайдо кардааст, – гуфт Азиз Абдуҳакимов.

Тавре вай боз тазаккур дод, Қӯқанд дар гузаштаи начандон дур ба сифати шаҳри фаъолони ҷадидия низ муаррифӣ шудааст.

Таъкид гардид, ки бо баргузор намудани ин ҳамоиш ғайр аз рушди гардишгарӣ кишварҳои узви Шӯрои давлатҳои туркзабон метавонанд ҳамкориҳои худро дар соҳаҳои илму фарҳанг ва самтҳои дигар ривоҷ диҳанд.

Гуфта шуд, ки пандемии COVID-19 дар радифи кишварҳои олам Ӯзбекистонро дар канор нагузошт ва он ба раванди рушди гардишгарӣ хеле таъсири  манфӣ ба бор овард.

– Бо вуҷуди ин, Ӯзбекистон талош ба харҷ медиҳад, ки гардишагрӣ ривоҷ ёбад ва ташрифи гардишгарон рӯ ба афзоиш оварад. Дар ин замина ҳукумати кишвари мо аз фаъолиятҳои соҳибкорони соҳаи гардишгарӣ устуворона пуштибонӣ мекунад. Ин мусоидат мекунад, ки гардишгарони кишварҳои ҳамҷавори Ӯзбекистон, мисли Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба кишвари мо оянд. Яъне, мо фаъолиятҳои худро дар самти гардишгарӣ тамонистем барқарор кунем,  -иброз дошт вазири гардишгарӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Азиз Абдуҳакимов аз иштирокчиёни ҳамоиш хоҳиш кард аз пешниҳоди вай дар бораи пойтахти нахустини Шӯрои туркзабонҳо эълон кардани шаҳри Қӯқанд ҷонибдорӣ кунанд.

– Ин иқдом мусоидат хоҳад кард, ки робитаи миёни шаҳрҳоямон дар соҳаи гардишгарӣ низ хеле густариш ёбад, – гуфт Азиз Абдуҳакимов.

Дар ҳамоиши Қӯқанд дабири кулли Шӯрои кишварҳои туркзабон Бағдод Амреев  ширкат мекунад.

Ҳамоиши мазкур то 25 июн давом хоҳад кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Қӯқанд, Ӯзбекистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь