Имрӯзҳо дар Ӯзбекистон ба вазъияти кунунии Афғонистон вокунишҳои мусбат нишон медиҳанд. Қарор аст, ки робитаҳои Ӯзбекистон ва ҳукумати нави Афғонистон минбаъд беш аз пеш рушд кунад.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ аз Ҳизби либерал-демократ номзад пешбарӣ шудааст, зимни як мулоқоташ бо интихобкунандагон дар вилояти Қашқадарё гуфтааст, ки Ӯзбекистон барои роҳандозии робитаҳои ҳасана бо ҳамсоякишварҳои худ талош менамояд.
Ба таъкидии ӯ муҳим он аст, ки аз ҷониби Афғонистон ба Ӯзбекистон ягон тир напаронанд. Шавкат Мирзиёев дар он мулоқот аз музокироти миёни Ӯзбекистону ҳукумати толибони Афғонистон ва вазъият дар марз бо ин кишвар ёдоварӣ намудааст.
“Ҳар субҳ мепурсам, ки вазъият дар марз бо Афғонистон чи гуна аст. Ба ман 30-40 дақиқа вазъиятро тавзеҳ медиҳанд. Бо пешвоёни нави он вориди музокира шудаем. Агар мо як ҷо хомӯш нишинем, касе ба мо дар бораи вазъият маълумот намедиҳад. Мо талош хоҳем кард, ки ба мардуми азияткашидаи Афғонистон дасти кумак дароз кунем. Ҳадафи асосии мо ҳамин аст, ки аз Афғонистон сӯи Ӯзбекистон тир холӣ накунанд. Вақте ки ман ба сари қудрат омадам, дар 57 дарсади марз мушкил доштем. Аксарияти онро аз роҳи гуфтушунид бо ҳамсоякишварҳои худ ҳаллу фасл кардем”, гуфтааст Шавкат Мирзиёев.
Чанде муқаддам вазири хориҷаи Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар як мусоҳибааш бо рӯзномаи “Правда Востока”(чопи Тошканд) гуфт, ки Афғонистон ғайр аз сарчашмаи хавф ва таҳдидҳо сарчашмаи имкониятҳои нав низ мебошад.
Вай изҳор дошт, ки вазъият дар Афғонистон барои минтақа ҳамчун омили ташаннуҷ боқӣ мемонад ва ин ба он марбут мебошад, ки дар қаламрави он гурӯҳҳои террористӣ боқӣ мондаанд. Вай афзудааст, бо вуҷуди ин Ӯзбекистон бояд чунин ҳақиқати ҳол бархурди мусбат намояд.
“Афғонистон на танҳо сарчашмаи мушкилот ва таҳдидҳо, балки имкониятҳои навест, ки метавонад барои татбиқи лоиҳаҳои созанда ва конструктивии минтақа мавриди истифода қарор гирад” гуфтааст дар ин мусоҳиба Абдулазиз Комилов.
Ба таъкиди вазири хориҷаи Ӯзбекистон пешгирӣ аз такрори сенарияи солҳои 90-уми асри гузашта танҳо ба манфиати кишвараш мебошад. Вай инчунин қайд намудааст, ки ба Афғонистон расонидани кумакҳои башардӯстона барои наҷоти мардуми он аз бӯҳрони сартосарӣ мусоидат хоҳад кард.
“Мо бо ин кишвар марзҳои худро боз намудем ва интиқоли маводи мавриди эҳтиёҷи мардуми онро аз сар гирифтем-он маводи хӯрокворӣ, маҳсулоти нафт ва нерӯи барқ мебошад” зикр кардааст Абдулазиз Комилов.
Ин мақоми баландпояи Ӯзбекистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудааст, ки татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инфрасохторӣ дар Афғонистонро идома диҳанд.
Ба андешаи ӯ Афғонистон бояд ба ҳайси пули тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ гардид.
Интизор меравад, ки дар шаҳри Тирмиз намояндагони доираҳои фарҳангии ду кишвар бо ҳам мулоқот хоҳанд кард ва доир ба масъалаҳои ҳифзи забони ӯзбекӣ ва фарҳанги мардуми ӯзбек дар Афғонистон гуфтушунид хоҳанд намуд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд