Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз тариқи роҳандозии амалиёти “Меҳр” шаҳрвандони ин кишвар, ки дар хориҷ дар вазъияти вазнин қарор доранд, ба ватан бозгардонида мешаванд. 

Дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон афзудааст, ки бо супориши президент Шавкат Мирзиёев барои баргардонидани ӯзбекистониён, ки дар мамолики хориҷӣ ба ҳолати душвор афтидаанд, амалиёти “Меҳр” гузаронида мешавад.

Аз ҷумла, дар чаҳорчӯби амалиёти “Меҳр 1, 2, 3, 4” 438 нафар зану кӯдак аз Сурия, Ироқ ва Афғонистон ба ватан бозгаштанд. Онҳо дар минтақаҳои гуногуни даргирӣ таҳти фишор ё таъсири ҳолатҳои гуногун қарор гирифта буданд. Имрӯз ба онҳо давлат ғамхорӣ мекунад ва онҳо ба ҳаёти нав ва шароити созгор ворид мегарданд.

Маълум шуд, ки ин бор низ ба шарофати пиёда намудани амалиёти “Меҳр 5” дар моҳи шарифи Рамазон ва бо мусоидат ва ҳамкории ҳукумати ИМА аз Сурия ва давлатҳои дигар 24 зан ва 609 кӯдак ба Ӯзбекистон бозгардонида шуданд. Дар байни онҳо 7 нафар кӯдак низ шомиланд, ки волидайни худро гум кардаанд.

Дар иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон зикр шудааст, ки ин шаҳрвандон аз озмоишҳои сахт гузаштаанд ва маҷбур шудаанд, ки бидуни шароити оддии барои зиндагӣ зарур ҳаёт ба сар баранд.

Баъди бозгашт занону кӯдакон дар осоишгоҳи Бӯстони вилояти Тошканд ҷойгузин мешаванд ва аз кумакҳои тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ бархурдор мегарданд. Инчунин, бо чорабинӣ асноди тасдиқкунандаи шахсияташонро низ ба даст меоваранд.

Гуфта мешавад, ки бозгашти ин шаҳрвандони Ӯзбекистон ба ватан таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ кашидааст. Кишварҳои зиёд, созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ғайриҳукуматӣ пиёда кардани ин чорабиниҳои Ӯзбекистонро дар ҳалли масъалаи баргашти занону кӯдакон фоли нек арзёбӣ мекунанд.

Ин манбаъ меафзояд, ки хосатан коршиносони байналмилалӣ Ӯзбекистонро яке аз камтарин кишварҳо унвон кардаанд, ки дар бозгардонидани шаҳрвандонаш аз минтақаҳои таҳти низоӣ ва даргириҳои низомӣ хеле фаъолнокӣ зоҳир мекунад.

Дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон мегӯяд, ки ҳукумати ин кишвар минбаъд низ тамоми чораҳои заруриро пиёда хоҳад кард, ки манфиатҳои шаҳрвандони худро ҳимоя кунад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь