Мувофиқи маълумоти пешакӣ бештар аз 15 миллион шаҳрванд, ё худ 90,21 дарсади одамоне, ки дар овоздиҳӣ иштирок доштанд, ба тарафдории Конститутсияи навшудаи Ӯзбекистон овоз доданд.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар бо истинод ба маълумоти пешакӣ, дар раъйпурсӣ 16 миллиону 673 ҳазору 189 нафар ё 84,54 дарсади шумори умумии интихобкунандагон ширкат кардаанд.

Ба тарафдории тағйиру иловаҳо зиёда аз 15 миллион нафар, ё худ 90,21 дарсади шумораи умумии ширкаткунандагон овоз доданд. Беш аз 1,5 миллион нафар, ё 9,35 дарсад, зид овоз додаанд.

Ёдовар мешавем, ки 30-юми апрел дар Ӯзбекистон раъйдиҳи дар ворид кардани тиағйиру иловаҳо ба Конуститутся баргузор шуд. Дар таҳрири нави Конститутсия, ки аз ҷониби Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис тасдиқ ва аз ҷониби Сенат тасдиқ гардид, шумораи моддаҳо аз 128 ба 155, меъёрҳои конститутсионӣ аз 275 ба 434 зиёд карда шуданд. Дар маҷмуъ, Конутститсияи ин кишвар 65% нав карда мешавад. Дар миёни ислоҳот банди кам кардани шумори сенаторҳо аз 100 ба 65 нафар, тамдиди муҳлати ваколати президенти Ӯзбекистон аз 5 то 7 сол, манъи ҳукми эъдом, манъи истирдоди шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷӣ ҳаст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь