Зариф Ҳотамов 35 сол дошта, 7 сол мешавад гирифтори бемории вазнинест, ки аз бистар хеста наметавонад. Ӯ солим ба дунё омадааст, аммо ҳаёташро як муноқишаи нохуше ба куллӣ тағйир додааст.
Зариф дар 20-солагӣ аз захми корд ҷароҳати вазнин мебардорад, ки нахуст қисми чапи баданаш аз кор мемонад ва бо мурури замон қисми рости баданаш низ фалаҷ мегардад. Табибон пас аз муоина ба ӯ ташхиси тетрапарез (фалаҷшавии тамоми дасту по)-ро гузоштаанд. Баъд аз ин ҳодиса ҳамсараш низ аз ӯ рӯй мегардонад.
Зариф Ҳотамов 7 сол аст, ки ба ҳама марказҳо пайваста нома навишта, хоҳиш мекунад, то барои берун аз чумҳурӣ аз ташхиси тиббӣ гузаштан ёрӣ расонанд. Ба гуфтаи ӯ ҳамаи номаҳое, ки Зариф ба дастгоҳи Президент менависад, аз он ҷо ба Вазорати тандурустӣ, ба ҳукумати вилояти Суғд ва аз вилоят ба Конибодом, ки ин ҷо Зариф умр ба сар мебарад, равона мешаванд. Аз мақомоти иҷроияи ноҳия кӯмаке намерасад. Кӯшишҳо барои ба қабули мансабдорони маҳаллӣ расидан натиҷа намедиҳанд. “Ман ба мақомоти болоӣ нома навишта дар ҷавоб таҳқир дидам”, – мегӯяд Зариф.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчун маъюби гурӯҳи 1 баъзе доруҳо ройгон ба ӯ дастрас мешаванд, аммо ин доруҳо ӯро табобат намекунанд.
Зариф ба он умед бастааст, ки ин арзи ӯро Президент Эмомалӣ Раҳмон мешунавад ва барои дар хориҷа табобат гирифтанаш ёрӣ мерасонад.
“Ман дигар дар ин ҳолат зиндагӣ кардан наметавонам. Худро як шахсӣ нодаркор ва зиёдатӣ меҳисобам. Хоҳиш дорам, то садои маро шунавед” – илтиҷо мекунад Зариф.
Бо Зариф Ҳотамов метавонед бо ин рақам дар тамос шавед:
+992 92 866 99 24