27-уми август дар шаҳри Душанбе Коргоҳи «Зари тоҷик»-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Равшан» мавриди истифода қарор дода шуд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  бо раванди истеҳсоли маҳсулоти гуногуни заргарӣ ва шароити фаъолияти заргарон аз наздик шинос гардиданд.

Коргоҳи заргарии «Зари тоҷик» дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Равшан», ки соли 2012 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо мақсади коркарди ашёи хоми ватанӣ  ба истифода дода шуда буд, фаъол гардонида шудааст.

Коргоҳи «Зари тоҷик» дар масоҳати 1420 метри мураббаъ сохта шуда, аз се ошёна, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Коргоҳ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат дар самти расидан ба саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ сохта шуда, дар он феълан 50 нафар, аз ҷумла 20 нафар занону духтарон ба кори доимӣ  ҷалб гардидаанд ва маоши коргарон вобаста ба сатҳи касбият ва ҳаҷми корашон  аз 1500 то 3000 сомонӣ пардохт карда мешавад.

Коргоҳ аз 5 сех, аз ҷумла механикӣ – барқӣ, рехтагарӣ, зарҳалдиҳӣ, рассомию дизайнерӣ, басту банд ва заргарӣ иборат аст.

Дар коргоҳ асосан истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз тиллою нуқра, латун, сангҳои гуногуни қиматбаҳо, ки аз конҳои кӯҳҳои аз ҷиҳати канданиҳои фоиданок бойи Тоҷикистон дастрас карда мешавад, ба роҳ монда шудааст.

Роҳбарияти коргоҳ уҳдадор гардиданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди бинои бисёрошёна дар шафати коргоҳ боз 450 ҷойи нави корӣ муҳайё мекунад ва шумораи умумии кормандонро то ба 500 нафар хоҳад расонд.

Дар Коргоҳи заргарии «Зари тоҷик»  дар як моҳ 3 килограмм тилло ва 5 килограмм нуқра коркард ва аз онҳо маҳсулоти ниҳоии ороишӣ ва дигар ашёи зарурии рӯзгор, аз ҷумла армуғонҳо барои бозори дохилӣ омода мегарданд.

Дар маҷмӯъ иқтидори коркарди ин коргоҳи нави саноатӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар як сол ба 36 килограмм тилло ва 60 килограмм нуқра баробар аст ва масъулин мегӯянд, ки баробари бо иқтидори пурра ба роҳ мондани фаъолият ин нишондод боз ҳам бештар карда шуда, шумораи ҷойҳои корӣ низ боло бурда хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь