Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим муроҷиати фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Абдуқодир Талбаковро барои сабти ҷамъияти Зардуштия дар Тоҷикистон тасдиқ карданд.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими кишвар Сулаймон Давлатзода имрӯз, 1 август, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, Абдуқодир Талбаков на тариқи хаттӣ, балки шифоҳӣ муроҷиат кардааст.

– Бале, Абдуқодир Талбаков барои сабти чунин як иттиҳодияи динӣ ба Кумита муроҷиат кардааст, аммо на тариқи хаттӣ, балки шифоҳӣ. Ба ӯ аз ҷониби ҳуқуқшиноси кумита ҳама шартҳои ба қайд гирифтан ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозимӣ фаҳмонда шуд, аммо Талбаков дигар муроҷиат накардааст.

Худи Абдуқодир Талбаков, ҳамакнун Ориёмеҳр Зардушт, дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо рӯйхати ҳуҷҷатҳоеро, ки ӯ барои сабти расмии ҷамъияташ бояд пешниҳод кунад, додаанд.

– Ман ҳама ҳуҷҷатҳоро гирд овардам, ба истиснои як маълумотнома аз муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, дар боби эътирофи мавҷуд будани зардуштиҳо дар Душанбе. Дархост навиштаам, се моҳ боз интизор. Агар ҳамин маълумотномаро диҳанд, кор буд мешавад, – гуфт Талбаков.

Бинобар иттилои раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, барои ба қайди расмӣ гирифтани иттиҳодияи динӣ, ба монанди Зардуштия, дар Тоҷикистон 10 аъзо доштан зарур аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь