Пас аз 4 моҳи бесарпаноҳ мондани бархе аз сокинони деҳаи Амондара дар пайи омадани сел, барои зарардидагони ин офати табиӣ 10  хона бунёд гардид ва имрӯз ба онҳо тақдим карда шуд. Дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд. 

Тибқи иттилои манбаъ хонаҳо аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри  Панҷакент бунёд гардида, ҳар як манзил бо тамоми ҷиҳози рӯзгор, аз қабили кӯрпаву палосу дегу табақ, телевизору яхдон ва лавозимоти ба рӯзгор зарур, таъмин карда шудааст.

Калиди хонаҳоро раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода шахсан ба соҳибонаш супорида, таъкид кард, ки ҳукумати мамлакат ҳамеша таваҷҷӯҳи аввалиндараҷаи хешро ба онҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, равон мекунад ва ҳеҷ гоҳ онҳоро танҳо нахоҳад гузошт.

Ёдовар мешавем, ки 26-уми июни ҳамин сол пас аз борони шадид дар деҳаи Амондараи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент сел омада, зарари ҷиддии молӣ расонд. Аз ситоди бартарафкунии офати табиӣ он замон гуфта буданд, ки зиёда аз 70 манзил аз ин офати табиӣ зарар дидаанд. Аз ин ҳисоб 10 манзил пурра вайрон шуда буданд, ки қарор шуд аз нав сохта шаванд.

Хуршед Фозилов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь