Созмони ғайридавлатии “Занони Шарқ” дар Панҷакент миёни 5 маҳаллаи шаҳр ва 6 ҷамоати деҳот барномаи “Ҷилавгирӣ ва мубориза алайҳи маводи мухаддир”-ро ба роҳ мондааст.

Бо мақсади амалӣ шудани ин барнома тренерҳои созмони мазкур ҳоло рӯзи дуввум аст, ки бо сокинону ҷавонони маҳаллаи “Самарқандӣ”-и шаҳри Панҷакент машғулият мегузаронанд.

Зуҳро Низомова, сарвари созмони ҷамъиятии “Занони Шарқ”, зимни сӯҳбат гуфт, созмони “Занони шарқ” аз соли 1995 таъсис ёфта, фаъолият мекунад. Дар ин муддат, ба қавли хонум Низомова, беш аз 70 лоиҳои иҷтимоиро дар шаҳру деҳот амалӣ намудааст, ки ин барнома низ яке он лоиҳаҳост.

Яке аз тренерони тренинги мазкур  Сулҳия Бобомуродова гуфт ,ки ҳадафи асосии ин лоиҳа омузондани тарзҳои мубориза ва ҷилавгирӣ аз нашъамандӣ ба мардуми маҳаллаҳо ва рустоҳои шаҳру деҳот мебошад.

Сайҳун Азизмуродов, як тан аз ширкаткунандагони тренинг ташкили чунин тренингу семинарҳоро  ба вежа барои ҷавонон хеле муҳим  шуморид. Вай зикр кард, ки тарзҳои истифодаи пешгирӣ  ва аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон худро ҳимоят кардан ва чораҳои пешбининамудаи қонунҳоро низ то андозае омӯхтаанд, ки ин минбаъд барояшон кумак хоҳад кард.

Лоиҳаи мазкур, ба гуфтаи роҳбари “Занони шарқ”, тӯли як сол миёни аҳолии маҳаллаҳову ҷамоатҳои интихобӣ муаррифӣ хоҳад шуд.

Шоҳин Облоқулзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь