Айна Гамзатоваи 46-солаи зодаи Доғистон расман аз ширкати худ дар расидан ба мақоми президенти Русия дар интихоботи ин кишвар хабар дод.

Ин зани мусулмон, ки аз чеҳраҳои намоёни Ҷумҳурии Доғистони Русия аст, ният дорад бо Владимир Путин ва дигар номзадҳои ин интихобот рақобат кунад.

Гамзатова роҳбари расонаи бузургтарини мусалмонони Русия – пойгоҳи islam.ru аст. Ин расона дар радио, телевизион, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо низ фаъол аст. Айна Гамзатова, ҳамчунин, чандин китоб дар бораи ислом навиштааст ва як муассисаи хайрияро низ ба ӯҳда дорад. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь