Зодаи Ӯзбекистон дар шаҳри Маскав баъди шунидани хабари издивоҷи маъшуқаш худро оташ зад. 80 дарсади ҷисми ин зан сӯхта, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Бино бар навиштаи расонаҳои Русия, Дилфузаи 32-сола бо Сироҷиддин ҳанӯз дар Ӯзбекистон шинос шуда буд. Шаш сол пеш ин ду нафар барои пайдо кардани кор ба Маскав омаданд. Баъди нофаҳмиҳои хонаводагӣ зан бо писари ҳафтсолааш ба Ӯзбекистон бармегардад. Мард баъди он бо як зани серфарзанд издивоҷ кардааст.

Дилфуза бо шунидани ин хабар ҳамроҳи писараш дубора ба Маскав рафта, Сироҷиддинро пайдо кардааст. Мард ӯро бо ҷои хоб таъмин карда, ба ӯ ваъда додааст, ки маблағ ёфта ӯро дубора ба Ӯзбекистон мефиристад.

Сироҷиддин ҳамчунин ваъдаи таъмини фарзандашро додааст, вале Дилфуза ба рашку ҳасад тоб наоварда, ба сару рӯяш бензин пошида, худро оташ задааст.

Сироҷиддин талош кардааст, Дилфузаро наҷот диҳад, вале худаш низ осеб дидааст. Дар натиҷа ёрии таъҷилӣ  ҳардуро ба бемористон бурдааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here