Як зан дар шаҳри Душанбе бо марде даъво карда, дар рафти муноқиша аз корд истифода бурда, тарафро захмӣ кардааст, ки ин кирдори ӯ аз ҷониби милитсия авбошӣ баҳо дода шудааст.
Аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 23-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин зан, рӯзи 1-уми декабри соли 2019, тахминан соати 08:30, дар кӯчаи Раҳимови пойтахт бо марди 26-солаи сокини кӯчаи Шевченко даъво карда, бо корди ошхона чанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ