Дирӯз дар дафтари USAID-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки як қатор журналистон аз Душанбе ва вилояти Хатлон семинари машваратӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар семинари мазкур, мутахассисони соҳаи ин минтақа ширкат варзида, ба журналистон чӣ гуна аз рушд ёфтани соҳаи кишоварзӣ дар ин мавсим гуфтанд.

Дар семинари мазкур таҳти лоиҳаи USAID озмуни “Замини зархез” миёни хабарнигорони ВАО-и чопӣ, радио ва ТВ эълон шуд.

Шартҳои озмун чунинанд:

1. Усулҳо ва таҷрибаҳои навини истеҳсоли маводи ғизоӣ (гармхонаҳо, сардхонаҳо, усулҳои хушконидану нигоҳ доштани меваю сабзавот).

2. Муҳити зист ва ғизои солим (гигиена ҳангоми кор бо маҳсулоти ширӣ, мубориза бо ҳашароти зараррасон)

3. Ғизои солим бо истифода аз меваю сабзавот ва маҳсулоти ширие, ки лоиҳаи мазкур истеҳсол мекунад.

Лоиҳаи мазкур дар асосан дар шаҳри Душанбе ва Қӯрғонтеппа роҳандозӣ шудааст.  Муҳлати ирсоли мавод ба озмун аз 10 октябри соли 2017 то 20 январи соли 2018 идома меёбад.

Маводи дастрасшударо панҷ довар баҳогузорӣ мекунад. Мавод набояд ба шакли тарғиботӣ навишта шуда бошад. Меъёрҳои муайян кардани ғолибон: шавқу рағбат нисбати мавзӯъ, сатҳи ҳирфаӣ, бозтоб, фазилати муаллиф дар масоили мавзуоти номбаршуда. Ғолибони асосӣ соҳиби туҳфаҳои боарзиш мешаванд.

Туҳфаи беҳтарин мақола – аксбардори рақамӣ (фотоаппарат)

Туҳфа барои беҳтарин гузориши радиоӣ – планшет

Туҳфа барои беҳтарин гузориши телевизионӣ – ноутбук  

Барои иштирок дар озмун маводи пахшшудаи худро ба нишони Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 127, Рудакӣ-Плаза, Душанбе, Тоҷикистон кӯч. Ҷ. Румӣ 35 А, шаҳри Қӯрғонтеппа (дафтарҳои Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси озуқаворӣ ба хотири оянда) ва ё ба почтаи электоронии flelddfund@tawa.tj“>flelddfund@tawa.tj ирсол кардан метавонед.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь