Дар ноҳияи Рӯдакӣ як гурӯҳи калони заминфурӯшон аз ҷониби суд ба мӯҳлати аз 8 то 25 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар доданд.

Дар суди ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати Раҳимов Ҳ. бо моддаҳои 319 қ.4 бандҳои «а, б, в, г», 3381 қ. 2 бандҳои «а, б, в», 247 қ. 4 банди«б», 340 қ. 2 бандҳои «а, б, в», 314 қ.1, 245 қ. 4 банди «б», Садриддинов О.Б. бо моддаҳои 36 қ.5-319 қ. 4 бандҳои «а, б, в, г», 3381 қ. 2   бандҳои «а, б, в», 247 қ. 4 банди «б», 340 қ.2 бандҳои «а, б, в», 245 қ. 4 банди «б»,  Шарофутдинов О. Х. бо моддаҳои 319 қ. 4 бандҳои «а, в, г», 3381 қ. 2 бандҳои «б, в», 32 қ. 3-3381 қ. 2 бандҳои «а, б, в», Убайдов И. бо моддаи 3381 қ.2 бандҳои «а, б» ва Мирзоев С. бо моддаи 245 қ. 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ  гардид.

Номбурдагон барои он айбдор дониста шудаанд, ки Раҳимов Ҳ. дар асоси  фармони вазири  кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 01.12.1995 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии  стансияи давлатии озмоиши  мошинаҳои Тоҷикистон  фаъолият  намуда, шахси  мансабдор  ба ҳисоб  рафта,  бо  истифодаи мақоми  хизматӣ  бо маслиҳати пешакӣ бо Садриддинов О. Б., Убайдов И. ва  дигарон,  бо  мақсади  ба  даст  овардани  фоидаи  муфт  дар 73 ҳолат бо роҳи тамаъҷуӣ аз шаҳрвандон маблағи аз 400 то 15 000 доллар, ҷамъ ба маблағи 245.500 доллар ва 13.500 сомонӣ пора гирифтаааст. Онҳо дидаю дониста, ки ҳуқуқи ҷудо кардани заминро надоранд, аз заминҳои  корами  обии  муассисаи номбурда ва кооперативи тиҷоратии “Озмоиш”, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Чоргултеппа ва Зайнабободи  ноҳияи  Рӯдакӣ,  ба ҳар кадоми онҳо ба миқдори аз 0,03 то 0,45 га, дар маҷмӯъ 7,43 га қитъаи заминро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ, барои сохтмони  хонаи истиқоматӣ ҷудо кардаанд.

Кирдорҳои ҷиноии худро идома дода, дар 53 ҳолат нусхаҳои фармонҳои директори Муассисаи давлатии  стансияи озмоиши  мошинаҳои Тоҷикистон ва  қарорҳои раиси Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакро дар бораи ба шаҳрвандон вобаста намудани қитъаҳои замин бо сохтакорӣ ва истифодаи техникаи компютерӣ омода кардаанд. Ҳамчунин, Раҳимов Ҳ. бо истифодаи мақоми хизматӣ  бо  маслиҳати  пешакӣ бо Садриддинов О.Б. ва Мирзоев С. дар давраи солҳои 2012-2016 нуқтаи фурӯши гази моеъ, воқеъ дар шаҳраки  Камарови ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, анбори кооперативи тиҷоратии “Озмоиш” ва бошишгоҳи саҳроии кооперативи номбурдаро ба маблағи умумии 252.000 сомонӣ ва 17.500 доллар фурӯхта, аз ин маблағ ҳамагӣ 56.800 сомонӣ ба хазинаи кооператив ворид карда, 195.200 сомонӣ ва 17.500 долларро аз худ кардааст.

Шарофутдинов О.Х. аз 26.08.2004 дар вазифаи муҳандиси заминсози ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият карда, моҳи ноябри соли 2013 бо маслиҳати пешакӣ бо Садриддинов О.Б. 0,50 га қитъаи замини ҷамоатро ғайриқонунӣ ба ивази маблағҳои пулӣ ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ дода, аз онҳо 19.500 доллар ба сифати пора гирифтааст. Ӯ 11.02. 2017 барои ба шаҳрванд Муминов Х.В. аз ҳисоби заминҳои ҳудуди ҷамоати зикргардида ғайриқонунӣ ҷудо кардани 0,8 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба сифати пора 12.000 доллар гирифтааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 05.10.2017 Раҳимов Ҳ., Садриддинов О.Б., Шарофутдинов О.Х., Убайдов И. ва Мирзоев С. бо моддаҳои дар боло қайдгардида гунаҳкор дониста шуда, Раҳимов Ҳ. 25 сол, Садриддинов О.Б. 24 сол, Шарофутдинов О.Х. 16 сол, Убайдов И. 5 сол ва Мирзоев С. 8 сол аз озодӣ  маҳрум  карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь