Имрӯз, 21 октябр, дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотии дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб баргузор гардид. Дар нишасти мазкур роҳбарияти клуб Зайниддин Раҳимовро ҳамчун сармураббии нави даста муаррифӣ карданд. Раҳимов дар ин вазифа, Боир Эгамбердиевро иваз кард.

Маврид ба зикр аст, ки Боир Эгамбердиев баъди бохт аз дастаи “Истиқлол” тарки вазифа кард. Ин бозӣ 10 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо натиҷаи 2-0 бар суди дастаи “Истиқлол” хатм шуд.

Раҳимов дар нишасти хабарӣ гуфт, ки кӯшиш мекунад мавқеи дастаро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам кунад. “Оғози кор барои мо мушкил аст. Дар идомаи мавсим талош мекунем, вазифае, ки роҳбарияти даста ба дӯши мо гузоштааст, иҷро кунем. Бояд мо мавқеи худро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкам намуда, роҳхатро барои иштирок дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ба даст орем”.

Баъди гузашти 20 даври мусобиқа, дастаи “Равшан” 27 имтиёз дошта, дар зинаи дуюми ҷадвал ҷойгир аст. “Истиқлол” бо касби 38 имтиёз дар зинаи аввал қарор дорад.

Чанд рӯз қабл, майдони хонагии дастаи “Равшан” барои ба талаботи Лигаи олии кишвар ҷавобгӯ набудан, баста шуд. Дар ҳоли ҳозир ин даста бозиҳои хонагии худро дар варзишгоҳҳои дигар мегузаронад. Сардори дастаи “Равшан” Ғайраталӣ Мираҳмадов дар нишасти матбуотӣ доир ба вазъи майдон чунин изҳори назар кард:

“Ҳолати ҳозираи майдони хонагии дастаи “Равшан” на он қадар хуб аст. Кӯшиш мекунем, то оғози мавсими нави Чемпионат варзишгоҳро азнавсозӣ кунем, то ин мушкилӣ ҳалли худро пайдо кунад”.

Зайниддин Раҳимов, дастпарвари футболи минтақаи Кӯлоб буда, дар ҳайати дастаи “Равшан” низ бозӣ карда, як муддат дар ин тим ҳамчун сармураббӣ фаъолият намудааст. Ин мутахассис чанд моҳ пеш аз симати сармураббии мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон ба истеъфо рафт. Ӯ бо ҳайати ҷавонони тими Тоҷикистон дар соли 2018 мақоми дуюми Чемпионати Осиёро ба даст овардааст. Ҳамчунин, ҳайати ҷавонони то 17-солаи кишвар зери ҳидояти ин мураббӣ соли 2019 дар Чемпионати ҷаҳон иштирок намуд, вале аз гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат нагирифт.

Давлатҷон Абдуллозода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь