Гулдӯзии миллии тоҷикии маъруф ба «Чакан» аз ҷониби Бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангӣ қабул кард. Дар ин бора рӯзи 29-уми ноябр дар нишасти 13-уми ЮНЕСКО дар Маврикий қарор қабул шуд.
Тоҷикистон чор сол пеш “Чакан”-ро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО пешбарӣ карда буд. Чанд тан аз фарҳангиёни шаҳри Кӯлоб соли 2014 дар як номаи дастҷамъӣ хоста буданд, ки чакан ҳамчун ҳунари нодири мардуми тоҷик эътироф карда шавад.
Раиси Осорхонаи мардумии шаҳри Кӯлоб Ҷонибек Асозода он вақт гуфта буд, “пажӯҳишгарон исбот карданд, ки рамзҳои тоқии чакан хеле қадимӣ буда, ҳатто дар он се намунаи рамзи ориёӣ сабт шудааст.”
Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз Тоҷикистон шаҳри бостонии Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон, кӯҳҳои Помир (соли 2013) ва ғизои миллии палав низ шомил шудаанд.