Нисфишабии 9-уми октябр, тахминан соати 00:00, дар ҳудуди шоҳроҳи шаҳри Норак як садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 4 донишҷӯ ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “РАФ-Чонвай” Наимов Мирзонаим Алихонович, соли таваллудаш 1995, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Шакман”, таҳти идораи ронанда, Иқболи Соҳибназари Эмомалӣ, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Рушон, бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Раф-Чонвай” Наимов М. ва мусофиронаш Муродов Тоҷиддин Одинамаҳмадович ва Тоҳиров Меҳроҷиддин Ҳабибуллоевич, соли таваллудашон 1995, донишҷӯёни соли 4-уми Донишгоҳи миллӣ, сокинони ноҳияи Муъминобод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дигар мусофирони автомашинаи мазкур Давлатов Комрон ва Толибов Абдулфайёз, соли таваллудашон 1995, донишҷӯёни соли 4-уми донишгоҳи зикршуда, сокинони ноҳияи Муъминобод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, Давлатов Комрон дар беморхона ба ҳалокат расидаааст ва Толибов Абдулфайёз бистарӣ гардидааст.

Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь