Дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ бар асари боришоти зиёди борон обхезӣ ба амал омад, ки харобиҳои зиёдро дар пай дошт.

Як манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур хабар дод, ки бар асари ин офати табиӣ  80 манзили истиқоматии сокинон зери обу лой мондааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз маҳалли офати табиӣ дидан карда, бо сокинони зарардидаи ин мавзеъ мулоқот кард.

Бояд гуфт, ки бар асари боришоти зиёди борони рӯзҳои охир дар беш аз 10 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон сел омада, манзилҳои истиқоматии сокинони хароб гардида, роҳҳои автомобилгард, пулҳо, киштзорҳо ва дигар иншооти муҳими хоҷагии халқ зарар дидаанд. Ҳамчунин, чанд нафар низ ба ҳалокат расидаанд.

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки  аз офати таббиӣ зарар диданд, бартарафсозии оқибатҳои он аз ҷониби ҳама мақомот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь