Соли 2023-юм ба Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 12 ҳазору 576 нафар муроҷиат кардаанд ва маълум шудааст, ки воридшавии 3 ҳазору 694 нафар, аз ҷумла 302 нафар зан ба кишварҳои дигари хориҷи муваққатан маън мебошад,. Дар ин бора Баҳодур Азизода, роҳбари ин раёсат, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки соли 2023-юм тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии ҷумҳурӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 151 ҳазору 285 муҳоҷири корӣ аз ҷумла 26 ҳазору 727 зан ба хориҷи кишвар сафар кардаанд.
– Аз хориҷи кишвар бошад дар ин сол 169 ҳазору 805 муҳоҷири корӣ ,аз ҷумла 21 ҳазору 348 зан, ба ватан баргаштанд.
Ба гуфти ин шахси масъул соли гузашта аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии баргашта 1168 нафар, аз ҷумла 54 зан барои дарёфти ҷойи кор ва касбомӯзӣ ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят муроҷиат кардаанд. Аз онҳо 103 нафар бо ҷойи кори доимӣ, 93 нафар ба ҷойи кори мавсимӣ, 10 нафар ба корҳои фардӣ, 18 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ, 72 нафар ба касбомӯзӣ таъмин карда шуда ва 872 нафар ба машварати касбӣ фаро гирифта шудааанд, илова кард номбурда.