Дирӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 ҳазор воя воксини «CoronaVaс» бар зидди бемории сироятии COVID-19 ворид карда шуд.

Дар маросими қабули воксини мазкур муовини сарвазир Матлубахон Сатториён, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салимӣ, сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лу Бин, муовини директори генералии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Анвар Зиёев ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок кардаанд. Дар ин бора “Ховар” хабар дод.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Абдуллозода гуфтааст, ки пас аз ба мувофиқа расидани ҷонибҳо  бо дастгирии техникии молиявии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя воксини «CoronaVaс»-и «Sinovac Research & DevelopmentCo. Ltd» ва 300 800 адад сӯзандору ворид карда шудааст.

Вазир гуфтааст, ки воксин дар анборҳои махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи нақшаи миллӣ ба табақаҳои пешбинишудаи аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида мешавад.

«Ховар» менависад, ки то ҳол 116 ҳазору 341 нафар вояи якум ва 15 ҳазору 34 нафар вояи дуюми воксини зидди коронавирусро қабул кардаанд, ки дар умум 132 ҳазору 75 нафаранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь