Ба навиштаи журналисти маъруф Аҳмадшоҳ Комилзода, ки бо номи «Дарди дандон, маълумотномаи ҳепотит ва пулкоркунӣ» дар сомонаи мо нашр шуда буд, масъулини Маркази саломатии шаҳрӣ дар пойтахт на танҳо ҷавоб гуфтаанд, балки муаллифро даъват кардаву аз наздик бо ӯ суҳбат кардаанд.

Комилзода аз ҷараёни ин суҳбат ва вокуниши масъулин дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки онро манзури хонандагон мегардонем:

«Рӯзи 15.11.2017 ман бо даъвати муовини директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ш. Душанбе Абдулваҳоб Мадобидов, мутахассиси МНДСЭ-и ш. Душанбе Дилшод Тошев ва директори Маркази саломатии шаҳрӣ Ҳомидҷон Нуралиев ба ин даргоҳи саломатӣ омадам. Мутахассисони номбурда маро хеле хуб ва самимона истиқбол гирифтанд. Баҳси мо бар сари мақолаи ман бо номи “Таваҷҷуҳ, Ҳепатит!” баргузор шуд. Барои ман хеле ҷолиб буд, ки вазири тандурустӣ ва мутахассисони соҳа ба шикоят ва мушкили мардум хеле таваҷҷуҳ мекунанд.

Мо бо ин мутахассисон хеле баҳс кардем. Ман ба хулосае омадам, ки мо шаҳрвандон аз қонун ва қоидаҳои соҳаи тиб ва хеле сахт бехабарем. Аз тарафи дигар, шахсони корафтода бояд дар ҳолати зарур ба роҳбарони муассисаҳои табобатӣ ва масъулони соҳа муроҷиат кунанд, ҳаққи худро дар асоси қонун талаб кунанд. Яке аз камбудиҳои ман аз он иборат буд, ки дар ҳолати сар задани мушкилоти номбурда ба роҳбари муассиса муроҷиат накардам, шояд дарди шадид барои ин имкон надод. Аммо мушкили бароям пеш омада маро бо хеле аз масъалаҳои дигар шинос кард.

Пас аз ин масъулони вазорат барои ман посухашонро доданд. Ман бо он ошно шудам. Фикр мекунам, ки ба аксари пурсишҳои мо ҷавоб додаанд.

Ҳоло ман ин посухро ба шумо пегёшкаш мекунам. Умедворам, ки дар мушаххас кардани камбуду пешрафти баҳс шумо дубора қазоват мекунед.

Матни вокуниш ба мақаолаи «Дарди дандон, маълумотномаи ҳепотит ва пулкоркунӣ»:

«Чанд рӯз аст, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мақолаи “Таваҷҷуҳ, Ҳепатит!”, ки муроҷиат ба вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, мавриди баҳсу баррасии корбарони ин шабака қарор дорад. Мо кормандон ва масъулони соҳаи тандурустии мамлакат низ ба интиқодоти корсози мардум таваҷҷуҳ мекунем ва аз рӯйи имкон ба онҳо посух мегӯем.

Мақолаи номбурда дар бораи воқеае нақл мекунад, ки бо яке аз шахсиятҳои шинохта Аҳмадшоҳи Комил рух додааст ва номбурда ин масъалаҳоро мушкили умумӣ медонад. Дар мақола чанд нукта ҳаст, ки аз камбуди кори Маркази саломатии шаҳрӣ сухан меравад. Мо дар ҷавоб ба мазмуни мақола чанд масъаларо пеш мегузорем, ки худ ҷавоб ба нуктаҳои мақола мебошад.

1. Расондани кумаки аввалияи фаврии тиббӣ дар МСШ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.

2. Ҳамаи бемороне, ки ҷарроҳӣ мешаванд, мувофиуи Қоида ва меъёрҳои санитарӣ оиди пешгирии гепатитҳои вирусӣ таҳти унвони “Талаботи умумӣ нисбати назорати эпидемиологии гепатитҳои вирусӣ” таҳти рақамҚМС 3.1.016-09 ба таври ҳатмӣ бояд аз муоинаҳои тиббӣ гузаранд.

3. Дар шуъбаҳои стамотологӣ мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтитмоии аҳолии ҶТ №1006 аз 26.11.2014 ҳар шахсе, ки барои ҷарроҳӣ ё ки кандани дандон муроҷиат менамояд, ҳатман аз муоинаи гепатитҳои “В”, “С” ва ВНМО бо тариқи тести оҷилӣ мегузарад.

4. Масъалаи ташхиси тести оҷилӣ дар муддати то 15 дақиқа иҷро шуда, дар ҳолати гумонбар шудан ба гепатит, аз бастаҳои махсус барои гепатит истифода бурда мешавад.

5. Мувофиқи Қарори №600-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул, дармон ва ташхиси шахсони имтиёзнок ройгон аст.

Ҳ.Ҳ. Нуралиев,

директори Маркази саломатии шаҳрӣ».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь