Имрӯз, 11 апрел, раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон баҳри ошноӣ аз раванди таълиму тарбияи донишҷӯёне, ки аз ноҳияи Дӯстӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав  таҳсил мекунанд, ба ин муассиса омад.

Дар ҷамъомад муовини раиси ноҳия Шарифзода Зебо, муовини ректор оид ба таълим Рустам Ҳамдамзода, Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Маҳмадсаидзода Шаҳноза ва донишҷӯёни ин боргоҳи илму адаб иштирок доштанд.

Нахуст, Нишонзода Даврон баҳри дастгирии соҳаи маориф аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷӯён ва муҳайё намудани шароити арзанда дар соҳаи илму маориф боиси бештар ҷалб шудани донишҷӯён ба донишкадаву донишгоҳои олии кишвар гардидааст, изҳори сипос кард.

– Имрӯз шумо насли ҷавон  бояд ба ин ғамхориҳо содиқ бошед ва баҳри пешрафту ба даст овардани дастовардҳои бузурги меҳнати талош намоед, зеро шахси босавод дорои қобили меҳнат дар ҳама давру замон баҳри  пешрафти халқу миллат талош меварзад, то вазифаи шаҳрвандиву виҷдонии хешро назди ин миллати куҳанбунёд иҷро намояд. Мақсади вохӯрии имрӯза низ ба ҳамин самт равона  шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ баҳри дастгирии шумо ҳамаҷониба омодааст, ки баъди хатми донишгоҳ ба ноҳияи худ омада тибқи ихтисоси хеш фаъолият кунед, – гуфт Нишонзода.

Дар ҷамъомад суҳбати озод ва маслиҳату дастурҳо сурат гирифтанд, ки ҳар кас аз он ба худ сабақи хуби таълимӣ бардошт кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь