16 июни соли 2021 тариқи видеоконфронс вохӯрии дуҷонибаи раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ С.С. бо роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Селим Электаг баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили васеи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла бизнес модели Бонк, сарчашмаҳои даромад, хароҷотҳо барои маблағгузорӣ ва иҷро намудани ӯҳдадориҳо дар назди пасандозгузорон, масъалаҳои сармоягузорӣ ва қарздиҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки ҳолати молиявии Амонатбонк дар сатҳи хуб ва устувор қарор дошта Амонатбонк ҷиҳати рушди бизнеси бонкӣ ва роҳандозӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Дар маҷмӯъ вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодагии хешро изҳор намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь