Зимни вохурӣ масъулини Амонатбонк зикр намуданд, ки тибқи  фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 1-уми августи соли ҷорӣ  пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд – хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

Аз ҷониби мутахассисони бонк вобаста ба афзалиятҳои гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ тарзу услуби анҷом додани амалиётҳо тариқи корт ва ҳамёнҳои электронӣ маълумотҳои зарурӣ пешниҳод карда шуд.

Махсусан, тарзу услуби анҷом додани пардохтҳои гумрукӣ ва пардохти пули истифодаи қувваи барқ тавассути барномаи мобилии “Амонат-мобайл” тариқи рӯнамо ба ҳозирин намоиш дода шуд, то кормандони Хадамоти гумрук ва Барқи тоҷик низ барои миёни аҳолӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ саҳмгузор бошанд.

Ҳозирин дар навбати худ ба суолҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь