Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри иттилои расмӣ вобаста ба изҳороти рӯзноманигор ва блогнависи украинӣ – Дмитрий Гордон, дар бораи ҳавопаймоҳои бесарнишин эронӣ, ки гӯё дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, ҷавоб гардонд ва гуфтаҳои ӯро рад кард.

Дар иттилои ин ниҳод омадааст, “мо суханони рӯзноманигори украинӣ  – Дмитрий Гордонро, ки 28-уми октябр дар ҷараёни барномаи “В гостях у Гордона” (дар меҳмонии Гордон), дар бораи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ, ки гӯё дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд ва дар “куштори украиниҳо” даст доранд, рад мекунем”.

“Мо таъкид менамоем, ки Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ равон намекунад”, – омадааст дар баёнияи вазорат.

Ҳамчунин, дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон омадааст, ки аз Киев ҳеҷ изҳорти расмӣ нагирифтаанд ва ба Гордон тавсия додаанд, ки ба чунин назарҳо бодиққат муносибат кунад ва пеш аз пахши иттилоъ, дурустии онро тафтиш кунад.

Бояд гуфт, ин рӯзноманигор ва блогнавис дар барномаи интернетии “Дар меҳмонии Гордон” изҳор дошт, ки Русия ҳавопаймоҳои бесарнишини эронии сохти Ӯзбекистонро дар ҷанги зидди Украина истифода мебарад. Баъди вокуниши ВКХ-и Ӯзбекистон, рӯзноманигор дар барномаи дигар маъзаратхоҳӣ кард ва гуфт, ки саҳв карда, ба ҷойи Тоҷикистон номи ин кишварро гуфтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь